Намоишгоҳ оид ба самаранокии энергетикӣ дар Душанбе

Вазорати молияи Тоҷикистон ва Бонки осиёгии рушд (БОР) дар ҳамдастӣ бо Бонки содироту воридоти Корея ва ташкилоти ғайритиҷоратии «Habitat for Humanity» дар шаҳри Душанбе намоишоҳ (экспо) оид ба самаранокии энергетикӣ созмон медиҳанд. Тавре аз намояндагии доимии БОР дар Душанбе иттилоъ доданд, намоишгоҳ таҳти унвони «Самаранокии энергетикӣ – интихоби оқилонаи Шумо» рӯзҳои 20-22-юми ноябри соли равон […]

Пайрав Чоршанбиев



Вазорати молияи Тоҷикистон ва Бонки осиёгии рушд (БОР) дар ҳамдастӣ бо Бонки содироту воридоти Корея ва ташкилоти ғайритиҷоратии «Habitat for Humanity» дар шаҳри Душанбе намоишоҳ (экспо) оид ба самаранокии энергетикӣ созмон медиҳанд.

Тавре аз намояндагии доимии БОР дар Душанбе иттилоъ доданд, намоишгоҳ таҳти унвони «Самаранокии энергетикӣ – интихоби оқилонаи Шумо» рӯзҳои 20-22-юми ноябри соли равон дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» баргузор мешавад.

Ба иттилои манбаъ, дар ин чорабинӣ намояндагони корхонаву ташкилотҳои ватаниву хориҷии машғул ба истеҳсоли маҳсулот ва таҷҳизоти аз нигоҳи энергетикӣ самаранок гирдиҳам омада, тамошогарон бо маҳсулоти сарфа ва самараноки бахши энергетика, технологияҳои нави ин соҳа ва сарчашмаҳои алтернативии энергия шинос мешаванд.

«Маҳсулот ва таҷҳизоти аз нигоҳи энергетикӣ сарфакор ва самаранок дар дурнамои миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат фоидаоваранд ва мо бовар дорем, ки ин чорабинӣ ба беҳбуди сатҳи огаҳӣ, дониш ва хоҳиши аҳолӣ ҷиҳати истифодаи ин навъи маҳсулот мусоидат мекунад», – иброз доштааст намояндаи домии БОР дар ҶТ Си.Си.Ю.

Қобили зикр аст, ки БОР бурс дар ҳаҷми 10 млн. доллари ИМА ба лоиҳаи

«Дастрасӣ ба молияи сабз» (Доступ к зеленым финансам»)

ҷиҳати мусоидат ба оилаҳои Тоҷикистон дар афзоиши дастрасӣ ба энергия ва самаранокии энергия тариқи маблағгузорӣ ба қарорҳои «оқилона»-и энергияи сабзро маъқул шуморид. Лоиҳа бо бурси кумаки техникӣ оид ба фароҳам оврадани имконот дар ҳаҷми 750 ҳазор доллари ИМА аз ҳисоби воситаҳои Фонди коҳиши камбизоатии Ҷопон дастгирӣ мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.