Дархости кумак аз Русия ҷиҳати озодкунии тоҷикдухтари рабудашуда дар Яман

Ҳодисаи рабуда шудани шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Рофиева Гулрухсор дар Ҷумҳурии Яман мавриди таваҷҷӯҳи пайваста қарор дорад ва  Вазорати корҳои хориҷӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда барои ҳарчи зудтар озод шудани ӯ истифода мекунад. Бино ба маълумоти департаменти иттилооти ВКХ Тоҷикистон сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ  бо мақомоти Яман ва намояндагони ширкати “Здравэкспорт”- и Россия, ки […]

ASIA-Plus



Ҳодисаи рабуда шудани шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Рофиева Гулрухсор дар Ҷумҳурии Яман мавриди таваҷҷӯҳи пайваста қарор дорад ва  Вазорати корҳои хориҷӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда барои ҳарчи зудтар озод шудани ӯ истифода мекунад.

Бино ба маълумоти департаменти иттилооти ВКХ Тоҷикистон сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ  бо мақомоти Яман ва намояндагони ширкати “Здравэкспорт”- и Россия, ки Рофиева Гулрухсор дар асоси қарордод бо ин ширкат ба ҳайси ҳамшираи шафқат дар беморхонаи маҳаллии минтақаи Маъриб кор мекунад, ҳамеша дар тамос аст.

Гуфта мешавад, бо супориши Вазорат Сафири Тоҷикистон дар Қатар низ барои ҳалли қазияи мазкур вобаста шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки инчунин Вазорати корҳои хориҷӣ тариқи Сафорати Россия дар Тоҷикистон аз Сафорати Россия дар Яман барои ҳарчи зудтар озод намудан ва сиҳату саломат ба Ватан баргаштани Рофиева Гулрухсор дархости мусоидат кардааст.

Ёдрас мекунем, ки Гулрухсор Рофиева субҳи рӯзи 29-уми октябр ҳангоми ба кор рафтан

рабуда шуд

. Ӯ 13-уми ноябр ба ватан баргаштанӣ буд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.