Эмомалӣ Раҳмон губернатори Санкт-Петербургро ба ҳузур пазируфт

Date:



Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон губернатори шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия Георгий Полтавченкоро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия ва беш аз ҳама бо шаҳри Санкт-Петербурги ин кишвар баррасӣ  ва аз ҷараён ва натиҷаҳои “Рӯзҳои Санкт-Петербург дар Душанбе” изҳори қаноат карда шуд.

Тавре зикр гардид, минбаъд миёни сохторҳои гуногуни ин шаҳрҳои ду кишвари дӯст ҳамкории пурсамари бевосита, аз ҷумла дар самти омӯзиши забони русӣ ва ихтисосҳои коргарӣ дар шаҳри Душанбе ба муҳоҷирони кории эҳтимолӣ ва ба корхонаҳои мушаххас ба кор бурдану бо шароити зарурӣ таъмин намудани онҳо дар шаҳри Санкт-Петербург, ба роҳ монда мешавад. Омӯзишгоҳҳои касбӣ-технкиии шаҳри Душанбе ва дигар муассисаҳои таълимию истеҳсолӣ ҳам кори худро дар ин самт тақвият хоҳанд бахшид.

Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ ва илму техника сурат гирифт.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related