Эмомалӣ Раҳмон губернатори Санкт-Петербургро ба ҳузур пазируфт

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон губернатори шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия Георгий Полтавченкоро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия ва беш аз ҳама бо шаҳри Санкт-Петербурги ин кишвар баррасӣ  ва аз ҷараён ва натиҷаҳои “Рӯзҳои Санкт-Петербург дар Душанбе” изҳори қаноат карда […]

ASIA-Plus



Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон губернатори шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия Георгий Полтавченкоро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия ва беш аз ҳама бо шаҳри Санкт-Петербурги ин кишвар баррасӣ  ва аз ҷараён ва натиҷаҳои “Рӯзҳои Санкт-Петербург дар Душанбе” изҳори қаноат карда шуд.

Тавре зикр гардид, минбаъд миёни сохторҳои гуногуни ин шаҳрҳои ду кишвари дӯст ҳамкории пурсамари бевосита, аз ҷумла дар самти омӯзиши забони русӣ ва ихтисосҳои коргарӣ дар шаҳри Душанбе ба муҳоҷирони кории эҳтимолӣ ва ба корхонаҳои мушаххас ба кор бурдану бо шароити зарурӣ таъмин намудани онҳо дар шаҳри Санкт-Петербург, ба роҳ монда мешавад. Омӯзишгоҳҳои касбӣ-технкиии шаҳри Душанбе ва дигар муассисаҳои таълимию истеҳсолӣ ҳам кори худро дар ин самт тақвият хоҳанд бахшид.

Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ ва илму техника сурат гирифт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.