Осеби 4 шаҳрванди Тоҷикистон бар асари тирпарронӣ дар Маскав

Бар асари тирпарронӣ назди метрои «Каховская»-и шаҳри Маскав 4 шаҳрванди Тоҷикистон осеб дида, дар бемористон бистарӣ шуданд. Бино ба иттилои «Интерфакс» бо такя ба маълумоти Сарраёсати ВКД Русия дар шаҳри Маскав, зимни санҷиши ҳодиса маълум шудааст, ки миёни ду гурӯҳи ҷавонон муноқиша сар зада, сипас  тирпарронӣ сурат гирифтааст. «Ҳамаи иштирокчиёни муноқиша зодагони Тоҷикистони синни аз […]

ASIA-Plus



Бар асари тирпарронӣ назди метрои «Каховская»-и шаҳри Маскав 4 шаҳрванди Тоҷикистон осеб дида, дар бемористон бистарӣ шуданд.

Бино ба иттилои

«Интерфакс»

бо такя ба маълумоти Сарраёсати ВКД Русия дар шаҳри Маскав, зимни санҷиши ҳодиса маълум шудааст, ки миёни ду гурӯҳи ҷавонон муноқиша сар зада, сипас  тирпарронӣ сурат гирифтааст. «Ҳамаи иштирокчиёни муноқиша зодагони Тоҷикистони синни аз 21 то 34-сола мебошанд», – омадааст дар хабар.

Бино ба иттилои хабаргузории 

LifeNews

, дар ин муноқиша ҳудуди 15 нафар иштирок карда, дар ҷойи ҳодиса кормандони пулис тирҳо аз силоҳи оташфишон, эҳтимолан аз таппончаи Макаровро дарёфт кардаанд. «Дар натиҷа Мӯнис Рустамови 30-сола, Азим Каримови 20-сола, Лашкарбек Анбарови 34-сола ва Карим Худобердиеви 30-сола осеб дида, аз рӯйи ин ҳодиса мақомоти пулис тибқи моддаи «авбошӣ» парвандаи ҷиноӣ боз намуд», – гуфта мешавад дар иттилои хабаргузорӣ.

Дар ҳамин ҳол, намояндаи расмии сафорати ҶТ дар Русия Муҳаммад Эгамзод ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки кормандони сафорат ва намояндагии Хадамоти муҳоҷират рӯзи 9-уми ноябр дар хусуси ин ҳодиса ба сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов гузориш додаанд.

«Кормандони мо бо шахсони масъули Шуъбаи ВКД дар ноҳияи мазкур вохӯрда, онҳо итминон додаанд, ки маълумоти пурра дар бораи ин ҳодисаро муфаттиш дар фурсати наздиктарин пешниҳод мекунад», – қайд кард Эгамзод.

Ба қавли шаҳрвандони тоҷики осебдида, рӯзи 8-уми ноябр дар назди метрои «Каховская» якчанд нафар назди онҳо омада, сигарет пурсидаанд ва чун посух гирифтаанд, ки «мо тамоку намекашем», ба муноқиша пардохтаанд.

Тибқи маълумоти сафорати ҶТ дар Русия, ному насаби се нафар шаҳрвандони тоҷики дар муноқиша осебдида маълум аст, ки инҳо сокинони ноҳияи Роштқалаъаи ВМКБ – Лашкарбек Анбаров, Ким Янимшоев ва Мӯнис Рустамов мебошанд.

«Айни замон се нафар шаҳрвандони зикршуда дар бемористон бистарӣ буда, вазъи солимии онҳоро табибон начандон вазнин арзёбӣ мекунанд ва ба ҳаёти онҳо ҳеҷ хатаре таҳдид намекунад», – афзуд Эгамзод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.