– Агар интихоботи қарибулвуқӯъ ба парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ шаффофу демократӣ сурат гиранд, он ба таҳкими ваҳдати миллӣ дар кишвар, таъмини сулҳу субот дар давлат хизмат хоҳад кард, вале агар ғайридемократӣ ҷараён гиранд, он ба нафъи ифротгароён (эсктремистҳо) хоҳад буд, – чунин ибрози андеша кард чанде қабл дар маҷлис дар дафтари кории ҲНИТ дар пойтахт раиси ҲНИТ, вакили палатаи поёнии парлумон Муҳиддин Кабирӣ.
Котиби матбуотии ҲНИТ Маҳмудҷон Файзраҳмонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки Кабирӣ аз ҳамҳизбиёнаш даъват кардааст, ки фаъолона дар интихобот ширкат варзида, бо ин «дар қалбҳои ҷавонон эҳсоси умедворӣ ба ояндаи хубтарро барангезанд».
Раиси ҲНИТ зикр кардааст, ки имрӯзҳо ҳукумат таъмини шаффоф ва демократӣ баргузор шудани интихоботро ваъда медиҳад ва аъзои ҳизби таҳти раҳбарии ӯ қарордошта бояд воқеъан собит созанд, ки ин ваъдаҳо танҳо суханони холиву подарҳаво нестанд.
Ба гуфтаи котиби матбуотӣ, дар маҷлис ҳамчунин қайд шудааст, ки тайи моҳи ахир фишор болои аъзо ва ҷонибдорони ҳизб хеле коҳиш ёфтааст.


