Дарёфти ҷасади зодаи 60-солаи Тоҷикистон дар макони сохтмони шаҳри Ярославл

Date:



Хадамоти матбуоти Сарраёсати Кумитаи тафтишоти Русия дар вилояти Ярославл


иттилоъ медиҳад, ки оид ба далели куштори шаҳрванди Тоҷикистон дар ин шаҳр муфаттишон парвандаи ҷиноӣ боз намудаанд.

«Аз маводи парвнада бармеояд, ки санаи 11-уми ноябр дар майдони сохтмони бинои истиқоматӣ дар кӯчаи Курчатови шаҳри Ярославл ҷасади зодаи 60-солаи Тоҷикистон бо захмҳо аз силоҳи оташфишон дарёфт шуда, ба гумони даст доштан дар содир намудани ин ҷиноят сокини 48-солаи шаҳр боздошт гардидааст», – омадааст дар иттилоъ.

Дар ҳамин ҳол, , 

«Комсомольская правда»

ошкор кардааст, ки ҳалокшуда дар сохтмон ба сифати посбон карда, чанде қабл бо яке аз сокинни маҳаллӣ ба муноқиша пардохтааст. Сокини 48-солаи хонаи ҳамсоя дар ҳолати сархушӣ ба кӯча баромада, ба тирпарронӣ оғоз кардааст. Посбонон милтиқро аз дасти ӯ мегиранд, вале мард таппончаро бароварда, якчанд маротиба ба сӯйи посбон тир мепарронад, ки дар натиҷа ахирӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Бино ба маълумоти мақомоти тафтишот, шахси ҳалокшуда муҳоҷири корӣ набуда, муддати чандин сол дар шаҳри Ярославл иқомат дорад ва шаҳрванди Русия аст.  

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...