Дарёфти ҷасади зодаи 60-солаи Тоҷикистон дар макони сохтмони шаҳри Ярославл

Хадамоти матбуоти Сарраёсати Кумитаи тафтишоти Русия дар вилояти Ярославл иттилоъ медиҳад, ки оид ба далели куштори шаҳрванди Тоҷикистон дар ин шаҳр муфаттишон парвандаи ҷиноӣ боз намудаанд. «Аз маводи парвнада бармеояд, ки санаи 11-уми ноябр дар майдони сохтмони бинои истиқоматӣ дар кӯчаи Курчатови шаҳри Ярославл ҷасади зодаи 60-солаи Тоҷикистон бо захмҳо аз силоҳи оташфишон дарёфт шуда, […]

ASIA-Plus



Хадамоти матбуоти Сарраёсати Кумитаи тафтишоти Русия дар вилояти Ярославл


иттилоъ медиҳад, ки оид ба далели куштори шаҳрванди Тоҷикистон дар ин шаҳр муфаттишон парвандаи ҷиноӣ боз намудаанд.

«Аз маводи парвнада бармеояд, ки санаи 11-уми ноябр дар майдони сохтмони бинои истиқоматӣ дар кӯчаи Курчатови шаҳри Ярославл ҷасади зодаи 60-солаи Тоҷикистон бо захмҳо аз силоҳи оташфишон дарёфт шуда, ба гумони даст доштан дар содир намудани ин ҷиноят сокини 48-солаи шаҳр боздошт гардидааст», – омадааст дар иттилоъ.

Дар ҳамин ҳол, , 

«Комсомольская правда»

ошкор кардааст, ки ҳалокшуда дар сохтмон ба сифати посбон карда, чанде қабл бо яке аз сокинни маҳаллӣ ба муноқиша пардохтааст. Сокини 48-солаи хонаи ҳамсоя дар ҳолати сархушӣ ба кӯча баромада, ба тирпарронӣ оғоз кардааст. Посбонон милтиқро аз дасти ӯ мегиранд, вале мард таппончаро бароварда, якчанд маротиба ба сӯйи посбон тир мепарронад, ки дар натиҷа ахирӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Бино ба маълумоти мақомоти тафтишот, шахси ҳалокшуда муҳоҷири корӣ набуда, муддати чандин сол дар шаҳри Ярославл иқомат дорад ва шаҳрванди Русия аст.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.