Дарсҳои лоиҳаи ИА барои ташкилотҳои соҳибкорӣ-миёнарав

Ташкилоти ғайритиҷоратии Фонди Cesvi  ва Клуби хизматии Бишкек аз 10 –ум то 14-уми ноябр дар Бишкек дарсҳои омӯзишии «Идоракунии доираи барнома ва ҳамкорӣ бо донорҳои байналхалқӣ» мегузаронанд. Тавре аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар ҶТ хабар доданд, барномаи панҷрӯза дар чаҳорчўбаи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо “Ҳунармандӣ ва соҳибкорӣ ба воситаи ҳамгироии минтақавӣ ва бозори савдои боадолат” […]

ASIA-Plus



Ташкилоти ғайритиҷоратии Фонди Cesvi  ва Клуби хизматии Бишкек аз 10 –ум то 14-уми ноябр дар Бишкек дарсҳои омӯзишии «Идоракунии доираи барнома ва ҳамкорӣ бо донорҳои байналхалқӣ» мегузаронанд.

Тавре аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар ҶТ хабар доданд, барномаи панҷрӯза дар чаҳорчўбаи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо “Ҳунармандӣ ва соҳибкорӣ ба воситаи ҳамгироии минтақавӣ ва бозори савдои боадолат” амалӣ мегардад. Дар муддати панҷ рӯзи омӯзиш ташкилотҳои соҳибкорӣ-миёнарав ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ малакаю маҳорати худро дар роҳи идоракунӣ сайқал хоҳанд дод.

Мақсади асосии омӯзиш – таъсири амиқ ба суботи ташкилотҳои иштироккунанда, ва ҳамон замон, баланд бардоштани сатҳи рақобатнокии онҳо дар саҳнаи ҷамъияти шаҳрвандии Қирғизистон мебошад. «Мо ба манфиатбарон аз осмон ситора ваъда намедиҳем – Елена Гариболди, корманди ташкилоти Cesvi, фикри худро ҳамин тавр баён кард – Мо ба шумоён усулҳои таҷрибавиеро дастрас карданием, ки дар ҳолати истифодаи дуруст ва муқаррашуда, дар хақиқатан кору фаъолияти ҳаррӯзаи шуморо самаранок ва таъсирбахш мегардонад».

Дар охири курси омӯзишӣ иштирокчиён метавонанд бо истифода аз усулҳои байналхалқӣ лоиҳаҳои хурдро такмил намуда, ба амал оваранд, ва идора кунанд. Ташкилотҳои соҳибкорӣ-миёнарав дар ин самт барои идоракунии бомуваффақият ва марҳалаҳои асосии он бо лавозимотҳои асосӣ таъмин карда мешаванд: банақшагирии стратегӣ, идентификатсия, тарҳи лоиҳа ва тасвия, ҷамъи мавод ва таҳлили ариза ба лоиҳаҳои пешниҳодӣ, иҷроиши лоиҳа ва баҳогузорӣ ба таъсири он. Омӯзиш бо дарсҳои таҷрибавӣ ва назариявӣ бонавбат гузаронида мешаванд, ки дар он тадқиқотҳои мавзӯии аниқ зери таҳлилу муҳокима қарор мегиранд.    

Ин омӯзиш силсилае аз омӯзишҳои барои тақвияти вазифаи Ташкилотҳои соҳибкорӣ-миёнарав ва зиёд намудани малакаи онҳо дар бахши ҳунармандӣ мебошад. Иштирокчиён усулҳои беҳтаркунии  идоракунӣ,  мустаҳкам намудани устуворнокии ташкилоти худро дар давраҳои гуногун имконияти омӯхтан доранд. Лоиҳаи “Ҳунармандӣ ва соҳибкорӣ ба воситаи ҳамгироии минтақавӣ ва бозори савдои боадолат” дар давоми 2 сол татбиқ  гардида, он дар чаҳорчўбаи барномаи Иттиҳоди Аврупо “Осиёи Марказӣ – Инвест” маблағгузорӣ мегардад ва ба ҳамкории байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар рушди соҳибкории миёна, махсусан дар бахши ҳунармандӣ, вусъат мебахшад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.