Футболбози тоҷикро КФО барои истеъмоли допинг ду сол аз бозӣ маҳрум кард

Date:



Ҳимоятгари дастаи мунтахаби футболи ҷовонони Тоҷикистон Хуршед Бекназаровро Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) барои истеъмоли допинг ду сол аз бозӣ маҳрум кард. Дар ин бора хабаргузории Рейтер итилоъ медиҳад.

Ҳимоятгари 20-сола санаи 14-уми сентябр пас аз бозии дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистону Сингапур адр Бозиҳои Осиё аз ташхис гузашта, дар хуни футболбоз маводи манъшуда бо номи метилгексанамин дарёфт шуд.

Манъи иштироки футболбози 20-солаи дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар тамоми вохӯриҳо, ҳам расмиву дӯстона ва ҳам дар сатҳи милливу байнулмилалӣ амал мекунад.

Хуршед Бекназаров тарбиятдидаи мактаби футболи шаҳри Қӯрғонтеппа аст. Дар давраи аввали мавсими имсола ӯ дар дастаи «Вахш» бозӣ кардаа, капитани даста буд. Дар нимаи мавсим футболбоз ба дастаи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода гузашт.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...