Суғд: Боздошти 38 нафар – иштирокчиёни як парванда оид ба «ҷиҳод дар Сурия»

Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ зимни баррасии як парвандаи ҷиноӣ ба гумони даст доштан дар узвият ба ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон мамнӯъ ва нияти иштирок кардан дар амалиёти ҷангӣ дар Сурия 38 тан аз сокинони вилоят боздошт шуданд. Тавре ба «Азия-Плюс» аз прокуратураи вилояти Суғд хабар доданд, зимни баррасии ин парванда, ки ҳанӯз 26-уми сентябр боз шудаву […]

Мавлуда Рафиева



Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ зимни баррасии як парвандаи ҷиноӣ ба гумони даст доштан дар узвият ба ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон мамнӯъ ва нияти иштирок кардан дар амалиёти ҷангӣ дар Сурия 38 тан аз сокинони вилоят боздошт шуданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз прокуратураи вилояти Суғд хабар доданд, зимни баррасии ин парванда, ки ҳанӯз 26-уми сентябр боз шудаву он замон 2 сокини вилоят, ки нияти ба «ҷиҳод» ба Сурия рафтанро доштанд, боздошт гардиданд. Сипас тибқи нишондоди онҳо, боз 8 нафари дигар ҳаммаслаконашон низ дастгир шуданд.

«Минбаъд боз 28 нафари дигар боздошт гардиданд, ки тибқи маълумоти мақомоти интизомӣ, узви созмонҳои ҷиноятпешаи «Ҷамоати Ансоруллоҳ» ва «Ҳаракати исломии Туркистон» мебошанд, ки онҳо низ нияти иштирок дар «ҷиҳод» дар Сурияро доштанд», – гуфтанд дар прокуратураи вилоят.

Зимнан зикр гардид, ки нисбати 38 нафар боздоштшудагон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Қобили зикр аст, ки дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ нисбати 49 нафар сокинони вилояти Суғд, аъзои фаъоли ҳизбу ҳаракатҳои динӣ ва ифротгаро 29 парвандаи ҷиноӣ боз шуда, 14 парвандаи ҷиноӣ нисбати 22 нафар ҷиҳати баррасӣ ба судҳо ирсол шудааст. Миёни ин афрод 7 нафар ба узвият дар ташкилоти ҷиноятпешаи «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, 5 тан ба – «Ҳизб-ут Таҳрир», 24 нафар ба «Ҷамоати Ансоруллоҳ», 7 нафар ба – «Ҷабҳат-ун-нусра» гумонбар дониста шуда, боз 6 нафари дигар дар амалҳои ҷангӣ дар Сурия иштирок мекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.