Тоҷикистон яке аз кишварҳои бештар фасодзада эътироф гардид

Тибқи маълумоти Иттиҳодияи ғайритиҷоратии кории TRACE International, Тоҷикистон яке аз кишварҳои бештар фасодзада эътироф гардид. Нишондиҳандаи нав оид ба хатарҳои коррупсионӣ аз ҷониби TRACE International дар ҳамдастӣ бо маркази таҳлили амрикоии Rand CorporationTRACE Matrix таҳия шудааст. Дар рейтинги TRACE International, миёни 197 кишвари ҷаҳон Тоҷикистон мақоми 182-юмро касб намудааст. Дар байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ […]

ASIA-Plus



Тибқи маълумоти Иттиҳодияи ғайритиҷоратии кории TRACE International, Тоҷикистон яке аз кишварҳои бештар фасодзада эътироф гардид. Нишондиҳандаи нав оид ба хатарҳои коррупсионӣ аз ҷониби TRACE International дар ҳамдастӣ бо маркази таҳлили амрикоии Rand CorporationTRACE Matrix таҳия шудааст.

Дар

рейтинги

TRACE International, миёни 197 кишвари ҷаҳон Тоҷикистон мақоми 182-юмро касб намудааст. Дар байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ танҳо Ӯзбекистон дар мақоми поинтар – зинаи 194-ум қарор дорад. Зинаҳои поинтар аз Ӯзбекистонро Ангола, Яман ва Нигерия ишғол кардаанд. Туркманистон дар зинаи 115, Қазоқистон – 141 ва Қирғизистон дар мақоми 161-ум ҷой гирифтаанд.

Таҳлилгарони иттиҳодия Ирландия, Канада, Зеландияи Нав, Гонконг ва Шветсияро кишварҳои аз ҳама бештар аз фасодзадагӣ озод эътироф кардаанд.

Дар рейтинг ба кишварҳо аз рӯйи чор нишондиҳандаи асосӣ – ҳамкории мутақобилаи ҳукуматдорон бо тиҷорат, мавҷуд будани қонунгузории зиддифасод ва истифодаи он дар амал, шаффофияти хадамоти давлатӣ ва расмиёти давлатӣ, имкони назорати ҷамъиятӣ аз болои ҳамаи ин ҷараёнҳо, аз ҷумла аз ҷониби ВАО баҳогузорӣ шудааст.

Дар рейтинги Transparency International дар соли 2013 миёни 175 кишвари ҷаҳон Тоҷикистон мақоми 154-умро касб карда буд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.