Корхонаи сементи Тоҷикистону Чин дар Ваҳдат моҳи апрел ба кор медарояд

То ахири соли равон тамоми таҷҳизот ва технологияи зарурии корхонаи нави сементбарорӣ ба маблағи 20 млн. доллари ИМА дар болои ағбаи Чормағзаки шаҳри Ваҳдат, ки сохтмонаш идома дорад, аз Чин ба Тоҷикистон ворид карда мешавад. Директори генералии ҶДММ «ТоҷЧин» Абдуҳалим Қодиров ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки имрӯз корҳои сохтмон дар корхона ба […]

Аваз Юлдошев



То ахири соли равон тамоми таҷҳизот ва технологияи зарурии корхонаи нави сементбарорӣ ба маблағи 20 млн. доллари ИМА дар болои ағбаи Чормағзаки шаҳри Ваҳдат, ки сохтмонаш идома дорад, аз Чин ба Тоҷикистон ворид карда мешавад.

Директори генералии ҶДММ «ТоҷЧин» Абдуҳалим Қодиров ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки имрӯз корҳои сохтмон дар корхона ба андозаи 50% ба иҷро расида, дар сохтмон 360 нафар мутахассисон, асосан шаҳрвандони Тоҷикистон машғули коранд.


Ёдрас мекунем, ки санаи 1-уми октябри соли гузашта бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар болои ағбаи Чормағзак сохтмони як корхонаи бузурги сементбарорӣ оғоз ёфт.

Чунонки аён гардид, ин корхонаи азими саноатӣ бо иқтидори солонаи 600 ҳазор тонна семент аз ҷониби ширкати муштараки Тоҷикистону Чин ТОҶЧИН бо харҷи беш аз 20 миллион доллари амрикоӣ бунёд хоҳад ёфт. Аз ин маблағ 51% сармояи мустақим аз доираҳои соҳибкории Ҷумҳурии Мардумии Чин ва 49% сармояи соҳибкорони хусусии Тоҷикистон мебошад.

Ояндаи наздик ҳаҷми сармоягузорӣ то ба 50 миллион доллари амрикоӣ ва иқтидори истеҳсолии корхона ба 1,5 миллион тонна семент дар як сол расонда хоҳад шуд.

Тавре иттилоъ доданд, дар ин ҷо дар давраи сохтмон то 500 нафар ва пас аз ба кор даромадани корхона 250 кас бо корӣ доимӣ таъмин хоҳанд шуд. Чуноки таъкид гардид, беш аз 80% коргарон шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳанд буд. Барои аз худ намудани нозукиҳои муҳандисию техникӣ ва технологии ин корхонаи муосир беш аз 50 нафар ҷавонони тоҷик бо ҷалби омӯзгорони соҳибтаҷриба аз Ҷумҳурии Мардуми Чин дар Тоҷикистон омӯзонда ва омода карда мешаванд.

Ба иттилои роҳбарияти чинии корхона ин иншооти азими саноатӣ бо технологияи навтарини ҷаҳонӣ муҷаҳҳаз гардида, истеҳсолоти он бепартов хоҳад буд ва ҳеҷ зарари экологӣ ба табиати зебои ин мавзеъ нахоҳад расонд.

Дар ин ҷо сементи навъи 500 ва 600 истеҳсол мегардад, ки дар бозори дохил ва хориҷи кишвар харидорони бешумор дошта, дар сохтмони тамоми намуди иншоот, аз ҷумла иншооти бузурги саноатӣ ва гидротехникию гидроэнергетикӣ низ васеъ истифода мешавад.


Рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон бо пешниҳоди ҳукумат воридоти таҷҳизот ва технология барои ин корхонаро аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.