Шабдолов: Таҳримҳои Ғарб нисбати Русия оянда муқобили худи онҳо хоҳад шуд

– Таҳримҳои иқтисодие, ки дар робита ба рӯйдодҳои Украина ИМА, иттифоқчиёни он дар Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо нисбати Русия ҷорӣ карданд, оянда муқобили худи ин кишварҳо хоҳад шуд, – мутмаин аст раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумон Шодӣ Шабдолов. Ба андешаи ӯ, захираҳои иқтисодӣ, зеҳнӣ, низомӣ ва табиии […]

Аваз Юлдошев



– Таҳримҳои иқтисодие, ки дар робита ба рӯйдодҳои Украина ИМА, иттифоқчиёни он дар Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо нисбати Русия ҷорӣ карданд, оянда муқобили худи ин кишварҳо хоҳад шуд, – мутмаин аст раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумон Шодӣ Шабдолов.

Ба андешаи ӯ, захираҳои иқтисодӣ, зеҳнӣ, низомӣ ва табиии Русия онро аз ҳама гуна таҳримҳо ҳимоя карда метавонанд ва коҳиши имрӯзаи қурби асъори Русия нисбати доллар ва евро падидаи муваққатӣ аст.

«Русия бо Чин оид ба роҳандозии савдо ва сармоягузории дуҷониба танҳо бо асъори миллии ҳарду кишвар ба мувофиқа расид ва ояндаи наздик Маскав бо Эрон, Ҳиндустон, як қатор давлатҳои Амрикои Лотинӣ ва кишварҳои узви ИДМ низ чунин созишномаҳо ба имзо расониданист, ки дар ниҳояти кор ба таҳкими қурби рубл ва коҳиши қурби доллар оварда мерасонанд», – таъкид дошт раиси Ҳизби коммунист.

Шабдолов зикр кард, ки ҳама гуна таҳримҳо нисбати ҳар кишваре дар ниҳояти кор ин давлатро маҷбур месозанд, ки захираҳои дохилиашро дарёфта, аз онҳо пурсамар истифода кунад, ки вобастагӣ ба дигар кишварҳоро кам мекунад. «Таҳримҳои чандинсолаи ҷоришуда аз ҷониби як қатор кишварҳои Ғарб нисбати Эрон дар ниҳояти кор ба рушду шукуфоии соҳаҳои зиёди иқтисоди ин кишвар боис гардиданд», – афзуд номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.