Аз муассисаҳои ислоҳии Суғд 726 нафар озод шуданд

Date:



Дар доираи мавриди амал қарор гирифтани Қонуни ҶТ «Дар бораи афв» аз 24-уми октябри соли равон аз 5 муасисаи ислоҳии вилояти Суғд 726 нафар озод шуданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» сарёвари прокурори вилоят Ортиқбой Мирзоев хабар дод, аз муассисаи ислоҳии низомаш шадид 64 нафар маҳкумшудагон, аз муассисаи ислоҳии реҷаи пурзӯр 42 нафар, аз муассисаи ислоҳии сукунат 483 нафар, аз тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и шаҳри Хуҷанд 46 нафар ва аз муассисаи ислоҳии шаҳри Истаравшан 91 нафар озод карда шудаанд.

Аз шумори умумии аз муассисаҳои ислоҳӣ озодшуда 710 нафар сокинони вилояти Суғд, 6 нафар сокини вилояти Хатлон, ду нафар аз ВМКБ, се нафар аз шаҳри Душанбе, як нафар аз ноҳияҳои тобеи марказ ва чор нафарашон шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд.

Дар ҳамин ҳол, тавре хабар дода будем, як нафари афвшуда аллакай

даст ба ҷиноят зад.

 Аввали ҳафтаи равон сокини 31-солаи ҷамоати Дар-Дари ноҳияи Айнӣ Табур Ғафуров зимни муноқиша бо падари 55-солааш ӯро бо як чӯбе ба сараш мезанад, ки бар асари ин зарба мард ҷароҳат бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...