Макони будубоши Гулрухсор Рофиева муайян шуд

Date:



Вазорати корҳои хориҷии Яман иттилоъ додааст, ки макони будубошу дар асорат нигоҳ доштани ҳамшираи шафқати тоҷик Гулрухсор Рофиева ва ному насаби  одамрабоёнро муайян кардааст. Дар ин бора

радиои «Озодӣ»

бо истинод ба намояндаи ширкати русиягии «Здравэкспорт» Манучеҳр Абдуев хабар медиҳад.

Абдуев зикр кардааст, ки ҳукуматдорони Яман дар ин бора маълумот дода, итминон додаанд, ки барои озод кардани тоҷикдухтар ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод.

Рӯзи панҷшанбеи ҳамин ҳафта вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ба ҳамтои ямании худ Абдуллоҳ Ас-Сойидӣ дар робита ба қазияи аз ҷониби гурӯҳи номаълум рабуда шудани шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрухсор Рофиева дар минтақаи Маъриби Ҷумҳурии Яман

паёми шахсӣ

ирсол намуд.

Ёдрас мекунем, ки Гулрухсор Рофиева субҳи рӯзи 29-уми октябр ҳангоми ба кор рафтан

 рабуда шуд

. Ӯ 13-уми ноябр ба ватан баргаштанӣ буд. Инчунин Вазорати корҳои хориҷӣ тариқи сафорати Россия дар Тоҷикистон аз сафорати Россия дар Яман барои ҳарчи зудтар озод намудан ва сиҳату саломат ба Ватан баргаштани Рофиева Гулрухсор

 дархости мусоидат кард.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, айни замон дар Яман 200 нафар (бо назардошти аъзои оилаи онҳо) ва дар кишварҳои Халиҷи Форс 15 нафар табибони тоҷик фаъолият доранд. Оид ба фаъолияти табибони тоҷик дар Афғонистон маълумоти саҳеҳ мавҷуд нест, зеро бисёре аз табибони тоҷик ба минтақаҳои наздимарзӣ ба кори мавсимӣ мераванд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...