Макони будубоши Гулрухсор Рофиева муайян шуд

Вазорати корҳои хориҷии Яман иттилоъ додааст, ки макони будубошу дар асорат нигоҳ доштани ҳамшираи шафқати тоҷик Гулрухсор Рофиева ва ному насаби  одамрабоёнро муайян кардааст. Дар ин бора радиои «Озодӣ» бо истинод ба намояндаи ширкати русиягии «Здравэкспорт» Манучеҳр Абдуев хабар медиҳад. Абдуев зикр кардааст, ки ҳукуматдорони Яман дар ин бора маълумот дода, итминон додаанд, ки барои […]

ASIA-Plus



Вазорати корҳои хориҷии Яман иттилоъ додааст, ки макони будубошу дар асорат нигоҳ доштани ҳамшираи шафқати тоҷик Гулрухсор Рофиева ва ному насаби  одамрабоёнро муайян кардааст. Дар ин бора

радиои «Озодӣ»

бо истинод ба намояндаи ширкати русиягии «Здравэкспорт» Манучеҳр Абдуев хабар медиҳад.

Абдуев зикр кардааст, ки ҳукуматдорони Яман дар ин бора маълумот дода, итминон додаанд, ки барои озод кардани тоҷикдухтар ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод.

Рӯзи панҷшанбеи ҳамин ҳафта вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ба ҳамтои ямании худ Абдуллоҳ Ас-Сойидӣ дар робита ба қазияи аз ҷониби гурӯҳи номаълум рабуда шудани шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрухсор Рофиева дар минтақаи Маъриби Ҷумҳурии Яман

паёми шахсӣ

ирсол намуд.

Ёдрас мекунем, ки Гулрухсор Рофиева субҳи рӯзи 29-уми октябр ҳангоми ба кор рафтан

 рабуда шуд

. Ӯ 13-уми ноябр ба ватан баргаштанӣ буд. Инчунин Вазорати корҳои хориҷӣ тариқи сафорати Россия дар Тоҷикистон аз сафорати Россия дар Яман барои ҳарчи зудтар озод намудан ва сиҳату саломат ба Ватан баргаштани Рофиева Гулрухсор

 дархости мусоидат кард.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, айни замон дар Яман 200 нафар (бо назардошти аъзои оилаи онҳо) ва дар кишварҳои Халиҷи Форс 15 нафар табибони тоҷик фаъолият доранд. Оид ба фаъолияти табибони тоҷик дар Афғонистон маълумоти саҳеҳ мавҷуд нест, зеро бисёре аз табибони тоҷик ба минтақаҳои наздимарзӣ ба кори мавсимӣ мераванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.