Намоишгоҳи маҳсулоти корхонаҳои вилоятҳои Суғду Ботканд дар кишвари ҳамсоя

Рӯзҳои 12-13-уми ноябр дар бинои театри драмавии шаҳри Ботканди Қирғизистон намоишгоҳ-фурӯши маҳсулоти истеҳсолкунандагони вилоятҳои Суғду Ботканд доир гардид. Мудири шуъбаи Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҳукумати вилояти Суғд Руслан Шодиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин чорабинӣ қадами нахуст дар самти амалисозии Нақшаи муштараки ҳамкорӣ миёни вилоятҳои Суғду Ботканд давоми солҳои […]

Баҳром Файзуллоев



Рӯзҳои 12-13-уми ноябр дар бинои театри драмавии шаҳри Ботканди Қирғизистон намоишгоҳ-фурӯши маҳсулоти истеҳсолкунандагони вилоятҳои Суғду Ботканд доир гардид.

Мудири шуъбаи Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҳукумати вилояти Суғд Руслан Шодиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин чорабинӣ қадами нахуст дар самти амалисозии Нақшаи муштараки ҳамкорӣ миёни вилоятҳои Суғду Ботканд давоми солҳои 2014-2017 аст, ки раисони вилоятҳо санаи 7-уми ноябр дар шаҳри Хуҷанд ба имзо расонида буданд.

«Намоишгоҳ дар доираи лоиҳаи Ҷамъияти Олмон оид ба рушди байнулмилалӣ (GIZ) – «Мусоидат ба савдои наздимарзӣ» бо дастгирии Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҳукумати вилояти Суғд созмон дода шуд», – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, дар намоишгоҳ маҳсулоти беш аз 25 корхонаҳои хурд ва миёнаи вилояти Суғд ба маърази тамошо гузошта шуда, дар як муддати кӯтоҳ ҳамаи молу маҳсулот аз ҷониби аҳолии маҳаллӣ харида шуд, ки гувоҳи талаботи зиёд ба маҳсулоти корхонаҳои вилояти Суғд мебошад.

«Соҳибкорони тоҷик аз шаҳри Хуҷанд дар намоишгоҳ ҳамчунин 10 навъи масолеҳи сохтмонро пешниҳод намуда, миёни ширкати як соҳибкори тоҷик оид ба таъмини масолеҳи сохтмон барои сохтмон ва азнавсозии маҷмааи варзишӣ дар шаҳри Ботканд қарордод ба имзо расид», – афзуд номбурда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.