Намоишгоҳи маҳсулоти корхонаҳои вилоятҳои Суғду Ботканд дар кишвари ҳамсоя

Date:



Рӯзҳои 12-13-уми ноябр дар бинои театри драмавии шаҳри Ботканди Қирғизистон намоишгоҳ-фурӯши маҳсулоти истеҳсолкунандагони вилоятҳои Суғду Ботканд доир гардид.

Мудири шуъбаи Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҳукумати вилояти Суғд Руслан Шодиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин чорабинӣ қадами нахуст дар самти амалисозии Нақшаи муштараки ҳамкорӣ миёни вилоятҳои Суғду Ботканд давоми солҳои 2014-2017 аст, ки раисони вилоятҳо санаи 7-уми ноябр дар шаҳри Хуҷанд ба имзо расонида буданд.

«Намоишгоҳ дар доираи лоиҳаи Ҷамъияти Олмон оид ба рушди байнулмилалӣ (GIZ) – «Мусоидат ба савдои наздимарзӣ» бо дастгирии Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҳукумати вилояти Суғд созмон дода шуд», – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, дар намоишгоҳ маҳсулоти беш аз 25 корхонаҳои хурд ва миёнаи вилояти Суғд ба маърази тамошо гузошта шуда, дар як муддати кӯтоҳ ҳамаи молу маҳсулот аз ҷониби аҳолии маҳаллӣ харида шуд, ки гувоҳи талаботи зиёд ба маҳсулоти корхонаҳои вилояти Суғд мебошад.

«Соҳибкорони тоҷик аз шаҳри Хуҷанд дар намоишгоҳ ҳамчунин 10 навъи масолеҳи сохтмонро пешниҳод намуда, миёни ширкати як соҳибкори тоҷик оид ба таъмини масолеҳи сохтмон барои сохтмон ва азнавсозии маҷмааи варзишӣ дар шаҳри Ботканд қарордод ба имзо расид», – афзуд номбурда.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...