Раиси САҲА аз Тоҷикистон боздид мекунад

Date:



Ахири ҳамин ҳафта (21-22-юми ноябр) президенти Конфедератсияи Швейтсария, раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) Дидйе Буркҳалтер аз Тоҷикистон боздид мекунад.

Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, ӯ бо раҳбарияти Тоҷикистон дидору гуфтушунид анҷом хоҳад дод.

Ғайр аз ин, ба иттилои манбаъ, рӯзҳои 17-18-уми ноябр  ҳайати Бонки таҷдид ва рушди Аврупо бо  роҳбарии президенти Бонк Сума Чакраборти ва рӯзҳои 20-21-уми ноябр ҳайати Парлумони Аврупо оид ба робита бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон ташриф меоранд.

Гуфта мешавад, ин ҳафта (рӯзҳои 16-21-уми ноябр) сафирони навтаъйиншудаи Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Иттиҳоди Аврупо, Мексика, Австралия, Малайзия, Шоҳигарии Дания, Словения, Ирландия, Гана, Шоҳигарии Нидерланд, Португалия, Эстония, Босния ва Гертсеговина, Молдова, Давлати Исроил, Зеландияи Нав, Канада, Ҷумҳурии Боливарии Венесуэла барои супоридани Эътимодномаҳо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Душанбе меоянд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related