Раиси САҲА аз Тоҷикистон боздид мекунад

Ахири ҳамин ҳафта (21-22-юми ноябр) президенти Конфедератсияи Швейтсария, раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) Дидйе Буркҳалтер аз Тоҷикистон боздид мекунад. Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, ӯ бо раҳбарияти Тоҷикистон дидору гуфтушунид анҷом хоҳад дод. Ғайр аз ин, ба иттилои манбаъ, рӯзҳои 17-18-уми ноябр  ҳайати Бонки таҷдид ва рушди […]

Аваз Юлдошев



Ахири ҳамин ҳафта (21-22-юми ноябр) президенти Конфедератсияи Швейтсария, раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) Дидйе Буркҳалтер аз Тоҷикистон боздид мекунад.

Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, ӯ бо раҳбарияти Тоҷикистон дидору гуфтушунид анҷом хоҳад дод.

Ғайр аз ин, ба иттилои манбаъ, рӯзҳои 17-18-уми ноябр  ҳайати Бонки таҷдид ва рушди Аврупо бо  роҳбарии президенти Бонк Сума Чакраборти ва рӯзҳои 20-21-уми ноябр ҳайати Парлумони Аврупо оид ба робита бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон ташриф меоранд.

Гуфта мешавад, ин ҳафта (рӯзҳои 16-21-уми ноябр) сафирони навтаъйиншудаи Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Иттиҳоди Аврупо, Мексика, Австралия, Малайзия, Шоҳигарии Дания, Словения, Ирландия, Гана, Шоҳигарии Нидерланд, Португалия, Эстония, Босния ва Гертсеговина, Молдова, Давлати Исроил, Зеландияи Нав, Канада, Ҷумҳурии Боливарии Венесуэла барои супоридани Эътимодномаҳо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Душанбе меоянд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.