Сӯхтор дар мағозаи масолеҳи сохтмон дар Ҳамадонӣ

Date:



Дар мағозаи фурӯши масолеҳи сохтмони мансуб ба соҳибкор Саидҳомид Қурбонови 72-сола, воқеъ дар деҳаи Файзободи ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон субҳи рӯзи 16-уми ноябр бинобар сабаби вайрон намудани қоидаҳои васлкунии ҳисобкунаки барқӣ сӯхтор ба амал омад.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, оташ майдони 190 метри мураббаъи биноро фаро гирифта, ҳаҷми зиёни расида аз сӯхтор беш аз 35 ҳазор сомониро ташкил додааст.

Гуфта мешавад, маблағи умумии амволи аз оташ наҷотёфтаи соҳибкор ба зиёда аз 500 ҳазор сомонӣ баробар аст.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳангоми гузаронидани таҳқиқ ошкор гаштааст, ки сӯхтор дар натиҷаи хунукназарии худи соҳибкор сар задааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...