Мушкили дастрасии сокинони пойтахт ба оби нӯшокӣ рӯзҳои наздик

Раиси шаҳри Душанбе бо мақсади гузаронидани корҳои таъмирӣ-профилактикии шабакаҳои обтаъминкунии Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» ва ҷиҳати таъмини  омодагии  ҳамаҷонибаи  соҳаҳои  иҷтимоиёту иқтисодиёт ба  мавсими тирамоҳу зимистон имрӯз қарор ба имзо расонид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, тибқи қарори мазкур дар робита ба баргузории корҳои таъмир дар шабакаҳои обтаъминкунии пойтахт, аз соати 22:00 рӯзи 19 ноябр то соати […]

ASIA-Plus



Раиси шаҳри Душанбе бо мақсади гузаронидани корҳои таъмирӣ-профилактикии шабакаҳои обтаъминкунии Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» ва ҷиҳати таъмини  омодагии  ҳамаҷонибаи  соҳаҳои  иҷтимоиёту иқтисодиёт ба  мавсими тирамоҳу зимистон имрӯз қарор ба имзо расонид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, тибқи қарори мазкур дар робита ба баргузории корҳои таъмир дар шабакаҳои обтаъминкунии пойтахт, аз соати 22:00 рӯзи 19 ноябр то соати 24-00 рӯзи 20 ноябри  соли 2014 интиқоли оби нӯшокӣ ба маҳаллаҳои Шараф, Ал-Берунӣ, Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №3 ба номи Дьяков, Боғи ҳайвоноти шаҳрӣ, Варзишгоҳи марказӣ (ноҳияи Сино); – хиёбони Рӯдакӣ (аз кӯчаи Бухоро то кӯчаи С.Ғанӣ), кӯчаҳои М.Турсунзода, Шевченко, Шероз, С.Носир, Шотемур, Ф.Ниёзӣ, И.Сомонӣ, А.Командир, М.Холов, Л.Шералӣ, Ғ.Абдулло, Азизбеков, Озодии занон, Л.Толстой, М.Миршакар, Пушкин, Теҳрон (ноҳияи И.Сомонӣ)  қатъ мегардад.

Гуфта мешавад, аз соати 22:00 рӯзи 25 ноябр то соати 24-00 рӯзи  26 ноябри  соли 2014 интиқоли оби нӯшокӣ ба маҳаллаҳои Хуҷамбиёи боло ва поён, Шафақ, Чашмасор, Амиршоев, Заҳматобод, Саҳбо, Тельман, Анзоб, Гулистон, Зайнаб бибӣ, У.Хайём  ва Сари-Осиё, кӯчаҳои П.Толис, Гагарин, Сурхоб, Меҳнат, Карамов, Шевченко, хиёбони Рӯдакӣ (аз буриши кӯчаи У.Хайём то кӯчаи С.Ғанӣ), инчунин Боғи Айнӣ, Беморхонаи ҷумҳуриявӣ ва шаҳрчаи тандурустӣ (ноҳияи И.Сомонӣ; маҳаллаҳои Н.Муҳаммад, Қӯрғон, Хоруғ,  Баҳорӣ ва Бадахшон-1,2 кӯчаҳои Дӯстии халқҳо, А.Дониш, Истаравшан, Ҳусейнзода, Мичурин, А.Раҷабовҳо ва Айнӣ аз хонаи 1то 77 (ноҳияи Шоҳмансур); маҳаллаҳои  Меҳробод, Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, Навободи боло ва поён, Буни Ҳисорак, Испечак 1,2,3, Қазоқон-1,2, Қарамишкор ва Муҳандис, шахракҳои 82,91,92,101,102,112, Испечак 1,2 ва Зарафшон 1,2(ноҳияи Сино) ва кӯчаи Қаҳҳоров, маҳаллаҳои Равшангарон, Дарвоз, Яккачинор, Н.Қарабоев, то кӯчаи Ҷомӣ, Миралӣ, шаҳракҳои 23, 24, 41, 42, 43, 44, 45, 46 ва Маркази истеҳсоли  барқу гармидиҳии ш. Душанбе (ноҳияи Фирдавсӣ) қатъ мегардад.

Зикр мегардад, ки аз соати 22:00 рӯзи 02 декабр то  соати  24:00 рӯзи 03 декабри  соли 2014  интиқоли оби нӯшокӣ ба шаҳракҳои  43, 64, 65 ва  кӯчаҳои Борбад, Фирдавсӣ (ноҳияи Фирдавсӣ) ва шаҳракҳои 11,12, 13, 14, 15, 31, 32, 33, 52, 53 82, 83, 84, 103, 104, Гипрозем, 80-солагии Пойтахт,  кӯчаҳои Нахимов, Миралӣ, Юсуф  Вафо,  Котовский,  Сулаймонӣ,  Тургенев,  Р.Набиев, маҳаллаҳои Меҳнатобод, Наврӯз, Роҳи-нав, Ҳаёти нав (ноҳияи Сино) қатъ карда мешавад.

Мақомоти шаҳрдории Душанбе аз сокинони кӯчаву маҳаллаҳои пойтахт дархост мекунад, ки дар рӯзҳои зикршщуда оби нӯшокиро захира намоянд.

Ҳамчунин қайд мешавад, ки ба раисони ноҳияҳои пойтахт ва   директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дастур дода шудааст, ки дар давраи иҷрои корҳои ба нақшагирифташуда, бо истифода аз мошинҳои обкашӣ сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.