Лимити истифодаи барқ дар шаҳрҳои Суғд ҳам ҷорӣ шуд

Аз 16-уми ноябр реҷаи маҳдуди истифодаи нерӯи барқ дар шаҳрҳои вилояти Суғд низ ҷорӣ шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» директори муассисаи шабакаҳои барқи вилояти Суғд Муъминҷон Муҳаммадзода хабар дод. Ёдрас мекунем, ки аз 1-уми октябри соли равон дар тамоми ноҳияҳои минтақаи шимоли кишвар реҷаи маҳдуди истифода барқ ҷорӣ гардида, акнун он ба шаҳрҳои вилоят […]

Мавлуда Рофиева



Аз 16-уми ноябр реҷаи маҳдуди истифодаи нерӯи барқ дар шаҳрҳои вилояти Суғд низ ҷорӣ шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» директори муассисаи шабакаҳои барқи вилояти Суғд Муъминҷон Муҳаммадзода хабар дод.

Ёдрас мекунем, ки аз 1-уми октябри соли равон дар тамоми ноҳияҳои минтақаи шимоли кишвар реҷаи маҳдуди истифода барқ ҷорӣ гардида, акнун он ба шаҳрҳои вилоят низ дахл кард.

Бино ба гуфти манбаъ, минбаъд рӯзона ба шаҳрҳо муддати 5 соат ва шабона низ аз соати 00-00 то 05-00-и субҳ интиқоли барқ қатъ мегардад, яъне акнун шаҳрнишинони вилоят дар як шабонарӯз 14 соат бо нерӯи барқ таъмин карда мешаванд.

«Лимити ҷудошуда барои вилояти Суғд 7 млн. 500 кВт/соат дар як шабонарӯзро ташкил медиҳад, талаботи воқеъии истеъмолгарон бошад, бидуни реҷаи маҳдуд, ба 14 млн. 500 кВт/соат баробар аст», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки реҷаи маҳдуди истифодаи барқ танҳо нисбати корхонаҳои саноатӣ ва иншооти ҳаётан муҳими вилоят истифода намешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Шикоят аз шиканҷа, фавт дар зиндон ва савдои одамон. Намояндагони мақомоти Тоҷикистон дар нишасти Женева чӣ гуфтанд?

Давоми солҳои 2018-2025 дар Тоҷикистон 105 муроҷиат аз шиканҷа сабт шуда, 14 парвандаи ҷиноӣ боз ва нисбати 13 нафар то 21 сол ҷазои зиндон...

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.