Президент аз сафирони нави 10 кишвар эътимоднома қабул кард

Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави фавқулодда ва мухтори 10 давлати ҷаҳон эътимоднома қабул намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни маросими расмӣ, ки дар Қасри Миллат баргузор гардид, ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафирони Ҷумҳурии Қирғизистон Мирослав Ниязов, Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳуҷҷатулло Фағонӣ, Иттиҳоди Аврупо Ҳидайет Бишчевич, Иёлоти […]

ASIA-Plus



Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави фавқулодда ва мухтори 10 давлати ҷаҳон эътимоднома қабул намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни маросими расмӣ, ки дар Қасри Миллат баргузор гардид, ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафирони Ҷумҳурии Қирғизистон Мирослав Ниязов, Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳуҷҷатулло Фағонӣ, Иттиҳоди Аврупо Ҳидайет Бишчевич, Иёлоти Муттаҳидаи Мексика Улиси Канчули, Австралия Пол Эндрю Майлер, Зеландияи Нав Хэмиш Нэвилл Фрэнсис Купер, Шоҳигарии Дания Томас Винклер, Словения Примож Шелиго, Ҷумҳурии Португалия Марио Годино де-Матуш, Ҷумҳурии Гана Алҳоҷӣ Баваҳ Гилберт эътимоднома супурданд.

Гуфта мешавад, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи онҳоро бо таъин шуданашон ба мақоми олии сафирони давлатҳои худ табрику таҳният гуфта, изҳори бовар намуд, ки барои таҳким ва густариши муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷониба бо Тоҷикистон ва минтақаи мо саҳми намоёни худро мегузоранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.