Боздошти тоҷики мавриди пайгард қарордошта дар Иркутск

Хадамоти матбуоти ВКД Русия иттилоъ медиҳад , ки дар шаҳри Иркутск шаҳрванди 24-солаи таҳти пайгарди қонуни федералӣ қарордошта боздошт гардидааст. Дар маълумот зикр мегардад, ки кормандони мақомоти пулис дар наклиёти шаҳри Иркутск дар ҳамдастӣ бо намоянагони Интерпол дар истгоҳи шаҳр шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистонро боздошт намудаанд. Тибқи маълумоти пешакӣ, ин шаҳрванд муддати солҳои тӯлонӣ аз мақомоти […]

ASIA-Plus



Хадамоти матбуоти ВКД Русия


иттилоъ медиҳад


, ки дар шаҳри Иркутск шаҳрванди 24-солаи таҳти пайгарди қонуни федералӣ қарордошта боздошт гардидааст.

Дар маълумот зикр мегардад, ки кормандони мақомоти пулис дар наклиёти шаҳри Иркутск дар ҳамдастӣ бо намоянагони Интерпол дар истгоҳи шаҳр шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистонро боздошт намудаанд. Тибқи маълумоти пешакӣ, ин шаҳрванд муддати солҳои тӯлонӣ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвараш дар қаламрави Русия паноҳ мебурдааст.

«Дар ватанаш ӯ ба гумони даст доштан дар содир намудани ҷинояти марбут ба таҷовуз ба номус мавриди ҷустуҷӯ эълон шудаааст», – қайд мешавад дар маълумот.

Зимнан зикр мегардад, ки боздоштшуда ба ҳабс гирифта шуда, дар тавқифгоҳи муваққатии шаҳри Иркутск қарор дорад ва масъалаи истирдоди ӯ ба Тоҷикистон ҳаллу фасл мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.