Сӯхтор дар мағозаи масолеҳи сохтмон дар Ҳамадонӣ

Дар мағозаи фурӯши масолеҳи сохтмони мансуб ба соҳибкор Саидҳомид Қурбонови 72-сола, воқеъ дар деҳаи Файзободи ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон субҳи рӯзи 16-уми ноябр бинобар сабаби вайрон намудани қоидаҳои васлкунии ҳисобкунаки барқӣ сӯхтор ба амал омад. Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, оташ майдони 190 метри мураббаъи биноро фаро гирифта, ҳаҷми зиёни расида аз сӯхтор […]

ASIA-Plus



Дар мағозаи фурӯши масолеҳи сохтмони мансуб ба соҳибкор Саидҳомид Қурбонови 72-сола, воқеъ дар деҳаи Файзободи ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон субҳи рӯзи 16-уми ноябр бинобар сабаби вайрон намудани қоидаҳои васлкунии ҳисобкунаки барқӣ сӯхтор ба амал омад.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, оташ майдони 190 метри мураббаъи биноро фаро гирифта, ҳаҷми зиёни расида аз сӯхтор беш аз 35 ҳазор сомониро ташкил додааст.

Гуфта мешавад, маблағи умумии амволи аз оташ наҷотёфтаи соҳибкор ба зиёда аз 500 ҳазор сомонӣ баробар аст.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳангоми гузаронидани таҳқиқ ошкор гаштааст, ки сӯхтор дар натиҷаи хунукназарии худи соҳибкор сар задааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел ва гарду ғубор дар рӯзҳои 18-20-уми май ҳушдор додааст. Ин ниҳод дар хабарномае гуфт, дар...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.