Сафорати Украина дар Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи ёдбуди хотираи қурбониёни солҳои қаҳтӣ (голодомор), ки ҳамасола дар Украина шанбеи чоруми моҳи ноябр таҷлил мегардад, намоишгоҳи аксҳо барпо мекунад.
Тавре аз сафорати Украина дар Тоҷикистон хабар доданд, маводи намоишгоҳи аксҳоро Осорхонаи миллии Украина «Мемориали ёдбуди қурбониёни солҳои қаҳтӣ» омода намуда, аз ҷониби Вазорати фарҳанги Украина пешниҳод шудааст.
Гуфта мешавад, маросими ифтитоҳи намоишгоҳ рӯзи шанбе, 22-юми ноябр соати 11-00 дар бинои сафорати Украина дар Душанбе бо суроғаи: кӯчаи Навобод, 216/1 баргузор мешавад. Аз намоишгоҳ то соати 16-00 метавон боздид кард.


