Соли оянда ҳам маошу нафақа дар Тоҷикистон шояд зиёд нашавад

Зимни баррасии лоиҳаи қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2015» дар иҷлосияи имрӯзаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров ба вазири молия савол дод, ки соли оянда музди меҳнати кормандони буҷет, нафақа ва стипендияҳо то кадом андоза зиёд мешаванд. Вазири молия Абдусалом Қурбонов посух дод, ки барои баланд […]

Аваз Юлдошев



Зимни баррасии лоиҳаи қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2015» дар иҷлосияи имрӯзаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров ба вазири молия савол дод, ки соли оянда музди меҳнати кормандони буҷет, нафақа ва стипендияҳо то кадом андоза зиёд мешаванд.

Вазири молия Абдусалом Қурбонов посух дод, ки барои баланд бардоштани музди меҳнат, нафақа ва стипендияҳо ҷудо кардани беш аз 400 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, вазир қайд кард, ки агар дар самти хатарҳои беруна ва иқтисоди миллӣ мушкилот рӯйи кор наояд, музди меҳнат, нафақа ва стипендияҳо тирамоҳи соли оянда зиёд карда мешаванд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов зикр кард, ки коҳиши суръати рушди иқтисоди шарикони асосии хориҷии Тоҷикистон, пеш аз ҳама Русия дар робита ба таҳримҳои ҷоришуда аз ҷониби кишварҳои Ғарб, барои коҳиши суръати рушди иқтисоди Тоҷикистон ҳам эҳтимоли зиёд дорад.

Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва пардохти нафақаи назди ҳукумати ҶТ, собиқ вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов қайд кард, ки соли оянда барои пардохти нафақа ҷудо кардани 2 млрд. 380 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст. «Имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 680 ҳазор нафар нафақа мегиранд ва мо пардохти саривақтии нафақа ва кумакпулиҳоро кафолат дода метавонем», – иброз дошт ӯ.

Қобили зикр аст, ки тайи чанд соли ахир имсол бори нахуст дар Тоҷикистон ҳаҷми музди меҳнат, нафақа ва стипендияҳо афзуда нашуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.