Шабдолов: Муфлисшавии «Барқи тоҷик» ногузир аст

Зимни суханронӣ дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумон раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов изҳор намуд, ки муфлисшавии «Барқи тоҷик» ногузир аст ва имрӯз ширкатро на шоҳу на худо наҷот дода наметавонад. Ба гуфтаи ӯ, имрӯз дар суратҳисоби ширкати «Барқи тоҷик» қариб ҳеҷ маблағе вуҷуд надорад. «Ширкат назди буҷети давлатӣ, нерӯгоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1» ва […]

Аваз Юлдошев



Зимни суханронӣ дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумон раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов изҳор намуд, ки муфлисшавии «Барқи тоҷик» ногузир аст ва имрӯз ширкатро на шоҳу на худо наҷот дода наметавонад.

Ба гуфтаи ӯ, имрӯз дар суратҳисоби ширкати «Барқи тоҷик» қариб ҳеҷ маблағе вуҷуд надорад. «Ширкат назди буҷети давлатӣ, нерӯгоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2» садҳо миллион сомонӣ қарздор буда, миллионҳо сомонӣ қарз гирифтааст, ки бояд баргардонад ва музди меҳнати кормандони худро пардохт карда наметавонад, ки дар натиҷа имконоти кадрии ширкат хеле заъиф гардида, худи соҳа дар ҳоли фаношавӣ қарор дорад», – гуфт ӯ.

Шабдолов бар ин гумон аст, ки дар вазъи мавҷуда сармоягузорон ба маблағгузорӣ ба рушди «Барқи тоҷик», ки монополист шуда, вале аз уҳдаи иҷрои вазифаҳои ба зимма гузоштааш намебарояд, шитоб намекунанд.

«Агар касе ҳам ба «Барқи тоҷик» маблағгузорие кунад, ин ба он хотир сурат мегирад, ки оянда бинобар сабаби муфлисшавии ширкат онро пурра бо нархи ночиз харидорӣ намояд ва ин таҳдиди мустақим ба амнияти энергетикии Тоҷикистон аст», – таъкид дошт раиси Ҳизби коммунист.

Ба андешаи вакили парлумон, имрӯз аз монополия берун овардани ширкати «Барқи тоҷик» ва таъсис мақомоти наве зарур аст, ки тарифҳоро муқаррар намояд. «Ин барои ба тартиб овардани муносибатҳо бо нерӯгоҳҳо кумак мекунад, вагарна кори онҳо замоне воқеъан ҳам бозмеистад. Ин имкони охирини ночизе барои ҳукумати Тоҷикистон аст», – мутмаин аст Шабдолов. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.