Наваскарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода савганд ёд карданд

Date:



Ҳудуди 30 нафар наваскарони қисми низомии 45005-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон дар ҳузури раҳбарияти Кумита, падару модарон ва афсарон ба садоқат ба ватан савганд ёд карданд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии Кумита Ориф Нозимов хабар дод.

Бино ба гуфти ӯ, баъди анҷоми маросими савгандёдкунӣ падару модарони наваскарон бо шароити хизмат ва маишати фарзандони худ аз наздик шинос шуда, бо афсарони қисми низомӣ мулоқот карданд.

Зимнан зикр гардид, ки сипас барои наваскарону падару модарони онҳо дастурхони идона ороста шуда, консерт намоиш дода шуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...