Пешниҳоди президент ба Маҷлиси миллӣ оид ба қатъи ваколат ва бозхонди судяҳо

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба палатаи болоии парлумон дар бораи қатъи ваколати судяи Суди олии ҷумҳурӣ Улуғбек Маҳмадшоев ва ҳамчунин бозхонди судяи Суди олии иқтисодӣ Ҷалол Исроилов пешниҳод ирсол намуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод. Бино ба гуфти манбаъ, ваколатҳои судяи Суди олии Тоҷикистон У.Маҳмадшоев бинобар сабаби даргузашти […]

Аваз Юлдошев



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба палатаи болоии парлумон дар бораи қатъи ваколати судяи Суди олии ҷумҳурӣ Улуғбек Маҳмадшоев ва ҳамчунин бозхонди судяи Суди олии иқтисодӣ Ҷалол Исроилов пешниҳод ирсол намуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод.

Бино ба гуфти манбаъ, ваколатҳои судяи Суди олии Тоҷикистон У.Маҳмадшоев бинобар сабаби даргузашти бармаҳали ӯ қатъ гардида, судя Ҷ.Исрооилов дар робита ба ҳабс гирифта шуданаш тобистони соли равон аз ҷониби Агентии зиддифасод ба гумони порагирӣ бозхонда мешавад. Санаи 17-уми июл палатаи болоии парлумон ба ҳабси ӯ иҷозат дода буд.

Ғайр аз ин, бо пешниҳоди ҳукумати кишвар дар иҷлосияи санаи 20-уми ноябри Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ масъалаи табдили номи чанде аз маҳаллаҳои аҳолинишини ноҳияҳои Шӯрообод, Қубодиён, Бохтари вилояти Хатлон, шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Ашти вилояти Суғд баррасӣ мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел ва гарду ғубор дар рӯзҳои 18-20-уми май ҳушдор додааст. Ин ниҳод дар хабарномае гуфт, дар...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.