Соли оянда Тоҷикистон ба сохтмони Роғун 1,6 млрд. сомонӣ харҷ мекунад

Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшудаи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2015-ро тасдиқ кард. Касри буҷет дар соли оянда 0,5% аз ҳаҷми умумии ММД-и кишварро ташкил медиҳад. Соли 2015 Тоҷикистон ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун 1,6 млрд. сомонӣ маблағ ҷудо карданист. Зимни суханронӣ дар робита ба ин масъала вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом […]

Аваз Юлдошев



Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшудаи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2015-ро тасдиқ кард. Касри буҷет дар соли оянда 0,5% аз ҳаҷми умумии ММД-и кишварро ташкил медиҳад.

Соли 2015 Тоҷикистон ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун 1,6 млрд. сомонӣ маблағ ҷудо карданист.

Зимни суханронӣ дар робита ба ин масъала вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбонов изҳор намуд, ки мувофиқи дурнамо, ҳаҷми афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2015 ба андозаи на камтар аз 7%, меъёри таваррум 7,5% ва индекси дефилятор 6,3% ба нақша гирифта шудааст. Қурби асъори миллӣ нисбат ба доллари ИМА дар ин давра дар сатҳи 5,1 сомонӣ пешбинӣ мешавад. Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2015 мувофиқи дурнамо ба андозаи 52 миллиарду 821 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Тавре зикр гардид, ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатӣ дар соли 2015 дар ҳаҷми 15 миллиарду 278 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки он нисбат ба соли 2014 ба миқдори 1 миллиарду 377 миллион сомонӣ ё 10% зиёд аст.

Ба гуфтаи Қурбонов, дар лоиҳаи буҷети давлатӣ пешниҳоди имтиёзоти андозӣ (озод кардан аз пардохти ААИ ва боҷи гумрукӣ)  дар ду ҳолат – воридоти таҷҳизот барои комбинати қолинбофии Қайроққум ва чорвои зотии калони шохдор ба кишвар  пешбинӣ мешавад.

Вазири молия ҳамчунин қайд кард, ки соли оянда аз буҷети давлатӣ барои амалисозии лоиҳаи CASA-1000 – 13 млн. сомонӣ, сохтмони навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 – 20 млн. сомонӣ ва азнавсозии нерӯгоҳи барқи обии Қайроқкум – 20 млн. сомонӣ ҷудо карда мешавад.

Барои пардохти қарзи хориҷии ҷумҳурӣ соли оянда аз буҷет 873,1 млн. сомонӣ маблағ равона карда мешавад.

 Буҷети давлатӣ дар соли 2015 хислати иҷтимоии худро нигоҳ медорад, зеро беш аз 50% хароҷоти умумии он ба соҳаҳои иҷтимоии кишвар рост меояд ва ин нисбат ба соли равон 17% зиёд мебошад. Танҳо барои зиёдшавии музди меҳнат, нафақа ва стипендия зиёда аз 400,0 млн.сомонӣ равона мегардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.