Тоҷикон ба Русия танҳо бо шиносномаи хориҷӣ сафар мекунанд

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба ҳамаи ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар бораи аз 20-уми ноябр манъ кардани фурӯши билетҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон ба самти Русия бо шиносномаҳои дохилӣ огоҳинома фиристод. Аз маркази матбуоти Вазорати нақлиёти ҶТ дар ин робита огаҳӣ пайдо кардем, ки манъи фурӯши билетҳо бо дархости мақомоти муҳоҷирати ҳукумати Тоҷикистон бо […]

ASIA-Plus



Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба ҳамаи ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар бораи аз 20-уми ноябр манъ кардани фурӯши билетҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон ба самти Русия бо шиносномаҳои дохилӣ огоҳинома фиристод.

Аз маркази матбуоти Вазорати нақлиёти ҶТ дар ин робита огаҳӣ пайдо кардем, ки манъи фурӯши билетҳо бо дархости мақомоти муҳоҷирати ҳукумати Тоҷикистон бо назардошти аз 1-уми январи соли 2015 дар Русия ҷорӣ шудани тартиботи нави вуруд ва будубоши муҳоҷирон сурат мегирад. Мувофиқи қарори ҳукумати Русия, ба шаҳрвандони Тоҷикистон бо шиносномаҳои дохилӣ сафар ба Русия манъ шуда, танҳо шиносномаҳои хориҷӣ эътибор пайдо мекунанд.

Нигаронии мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон аз он аст шаҳрвандони аз нимаи дуюми моҳи ноябр ба Русия сафаркарда саривақт аз Русия ба ватан баргашта наметавонанд ва ҳамин тариқ, ба сафи вайронкунандагони қонунгузории муҳоҷирати Русия шомил мешаванд.

Бино ба маълумоти мақомоти муҳоҷират, айни замон барои риоя накардани меъёрҳои гуногуни қонунгузории муҳоҷирати Русия, вуруди беш аз 200 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ба қаламрави ин кишвар манъ карда шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.