Ҷаримаи пулӣ барои донишҷӯёни дарсгурези Донишгоҳи омӯзгорӣ

Абдуҷаббор Раҳмонов, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки барои донишҷӯёне, ки ба дарсҳо ҳозир намешаванд, ҷаримаи пулӣ ҷорӣ созад. Абдуҷаббор Раҳмонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки ҳайати омӯзгорони донишгоҳ қарор кардааст, ки барои ба машғулиятҳо ҳозир нашудан, донишҷӯён бояд ҷаримаи пулӣ баста шаванд. Ҳозир нашудан ба як машғулият барои донишҷӯ […]

ASIA-Plus



Абдуҷаббор Раҳмонов, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки барои донишҷӯёне, ки ба дарсҳо ҳозир намешаванд, ҷаримаи пулӣ ҷорӣ созад.

Абдуҷаббор Раҳмонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки ҳайати омӯзгорони донишгоҳ қарор кардааст, ки барои ба машғулиятҳо ҳозир нашудан, донишҷӯён бояд ҷаримаи пулӣ баста шаванд. Ҳозир нашудан ба як машғулият барои донишҷӯ метавонад 25 сомонӣ арзиш дошта бошад.

Ректори донишгоҳ зикр кард, ки алҳол ин пешниҳод мавриди омӯзиш ва баррасии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ қарор дорад.

А.Раҳмонов мегӯяд, ҳангоми дар Белорус қарор доштанаш сари ин андеша омадааст, зеро дар он ҷо барои як рӯз ба дарсҳо ҳозир нашудан донишҷӯ 50 доллари амрикоӣ маблағ месупорад ва аз ин рӯ, дар он ҷо донишҷӯёни дарсгурез қариб ба мушоҳида намерасанд.

«Он ҷо донишҷӯён дар ҳаросанд, ки агар ду рӯз ба дарс наоянд, аллакай на 50 , балки маҷбуранд 150 доллари ИМА ҷарима супоранд. Фикр мекунам, ки ин варианти хуби боздории донишҷӯёни мо аз иштирок дар муноқишаҳо ва садамаҳои нақлиёт аст. Ғайр аз ин, ба мо барои посбон гузоштан назди дарвозаи донишгоҳ, ки донишҷӯёни дарсгурезро ба баромадан аз қаламрави донишгоҳ иҷозат намедоданд,  дигар зарурате намемонад», – иброз дошт роҳбари донишгоҳ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.