Дарёфти ҷасадҳои бародарони гумшуда дар ноҳияи Рӯдакӣ

Сокини 29-солаи пойтахт Меҳроб Каримов ба мақомоти милиса дар бораи бедарак шудани бародаронаш бо ариза муроҷиат кардааст. Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар ариза зикр шудааст, ки санаи 6-ноябри соли равон бародаронаш Фарҳод Каримови 34-сола бо автомашинаи тамғаи «Тойота-Кемри» ва Раҷабалӣ Каримови 46-сола бо автомашинаи тамғаи «Ренҷ-ровер», аз хона баромада, бедарак шудаанд. Гуфта […]

ASIA-Plus



Сокини 29-солаи пойтахт Меҳроб Каримов ба мақомоти милиса дар бораи бедарак шудани бародаронаш бо ариза муроҷиат кардааст.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар ариза зикр шудааст, ки санаи 6-ноябри соли равон бародаронаш Фарҳод Каримови 34-сола бо автомашинаи тамғаи «Тойота-Кемри» ва Раҷабалӣ Каримови 46-сола бо автомашинаи тамғаи «Ренҷ-ровер», аз хона баромада, бедарак шудаанд.

Гуфта мешавад, оид ба далели гум шудани номбурдагон аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ кофтуков эълон карда шуда, барои дарёфти онҳо гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ созмон дода шудааст.

«Субҳи рӯзи 18-уми ноябр дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ ҷасадҳои бародарон Каримовҳо бо нишонаҳои марги маҷбурӣ дарёфт карда шуданд», – омадааст дар хабари маркази матбуоти ВКД ҶТ.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ дар ин самт идома дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.