Аввалин гипермаркети ширкати «Ашан» дар Душанбе

Ба туфайли маблағгузории Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) дар шаҳри Душанбе таҳти бренди «Ашан» аввалин гипермаркет кушода мешавад. Аз намояндагии БАТР дар Душанбе ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки бо ин мақсад бонк ба «Шивер Тоҷикистон» – ширкати фаръии гурӯҳи Schiver – ширкати фаронсавӣ, ки шарики гурӯҳи «Ашан» дар Фаронса ва Лаҳистон […]

ASIA-Plus



Ба туфайли маблағгузории Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) дар шаҳри Душанбе таҳти бренди «Ашан» аввалин гипермаркет кушода мешавад.

Аз намояндагии БАТР дар Душанбе ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки бо ин мақсад бонк ба «Шивер Тоҷикистон» – ширкати фаръии гурӯҳи Schiver – ширкати фаронсавӣ, ки шарики гурӯҳи «Ашан» дар Фаронса ва Лаҳистон аст, дар ҳаҷми 5 млн. евро маблағ ҷудо мекунад.

«Гипермаркети нав бо майдони 5 000 метри мураббаъ натанҳо ба афзоиши рақобатпазирӣ ва коҳиши нархҳо, балки ба ҷорӣ гардидани меъёрҳои нави сифати маҳсулот ва беҳбуди шароити санитариву гигиенӣ ва хизматгузориҳо мусоидат мекунад», – гуфтанд дар намояндагӣ.

Зимни имзои созишнома дар Душанбе президенти БАТР ҷаноби Сума Чакрабарти дар ин робита изҳор намуд, ки «аз дастгирии ин лоиҳа мо хушнудем ва гузашта аз ин, лоиҳаи мазкур имрӯз сармоягузории бузургтарини корпоративии БАТР дар Тоҷикистон аст. Ифтитоҳи аввалин гипермаркет натаҳо ба беҳбуди сатҳи некӯаҳволии мардум, балки ба роҳандозии меъёрҳои бештар баландтар дар бахши савдои чакана ва муҳайё шудани ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунад».

Дар навбати худ, директори генералии «Шивер Тоҷикистон» Фредерик Лоббе қайд кард, ки «ҷорисозии савдои мусоири чакана як инқилобест барои Тоҷикистон ва дар он расидан ба амнияти ғизоии кишвар пешбинӣ шудааст. Гипермаркети «Ашан» барои ҳама мағозаи писандида бо интихоби маҳсулоти хушсифат бо нархҳои дастрас хоҳад буд».

Қобили зикр аст, ки БАТР саҳҳоми монетарии «Шивер Тоҷикистон» гардида, ҳамчунин ба ширкат барои дастгирии ифтитоҳи гипермаркет қарзи дарозмуҳлат ҷудо мекунад.

То имрӯз БАТР ба Тоҷикистон 360 млн. евро маблағгузорӣ кардааст. Интизорӣ меравад, ки соли 2014 барои бонк дар Тоҷикистон соли рекордӣ хоҳад буд – ҳаҷми сармоягузориҳои солона ҳудуди 100 млн. евроро ташкил хоҳад дод.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.