Сафирони 9 кишвар ба Эмомалӣ Раҳмон эътимоднома супурданд

Нимаи дуюми рӯзи 18-уми ноябр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави фавқулодда ва мухтори 9 давлати дигар эътимоднома қабул намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарваридавлат, ба Эмомалӣ Раҳмон сафирони Шоҳигарии Нидерланд Дриссер Генри Юберро, Ҷумҳурии Ирландия Оун О’Лири, Ҷумҳурии Эстония Яан Рейнхолд, Босния ва Герсеговина Эдиб Буквич, Молдова Андрей Галбур, Малайзия Дато Норъайнӣ, […]

ASIA-Plus



Нимаи дуюми рӯзи 18-уми ноябр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави фавқулодда ва мухтори 9 давлати дигар эътимоднома қабул намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарваридавлат, ба Эмомалӣ Раҳмон сафирони Шоҳигарии Нидерланд Дриссер Генри Юберро, Ҷумҳурии Ирландия Оун О’Лири, Ҷумҳурии Эстония Яан Рейнхолд, Босния ва Герсеговина Эдиб Буквич, Молдова Андрей Галбур, Малайзия Дато Норъайнӣ, Давлати Исроил Кармела Шамир, Канада Шон Стайл ва сафири Ҷумҳурии Боливарии Венесуэла Аменутип Замрану эътимодномаҳои худро тақдим намуда, расман ба фаъолияти дипломатӣ дар Тоҷикистон шуруъ намуданд.

Гуфта мешавад, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи онҳоро бо таъин шуданашон ба ин мақоми баланд шодбош гуфта, изҳори бовар намуд, ки саҳми онҳо дар тавсиаи робитаҳо ва дастёбӣ ба натиҷаҳои назаррас намоён хоҳад буд.

Ёдрас мекунем, ки нимаи аввали рӯз ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафирони Ҷумҳурии Қирғизистон Мирослав Ниязов, Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳуҷҷатулло Фағонӣ, Иттиҳоди Аврупо Ҳидайет Бишчевич, Иёлоти Муттаҳидаи Мексика Улиси Канчули, Австралия Пол Эндрю Майлер, Зеландияи Нав Хэмиш Нэвилл Фрэнсис Купер, Шоҳигарии Дания Томас Винклер, Словения Примож Шелиго, Ҷумҳурии Португалия Марио Годино де-Матуш, Ҷумҳурии Гана Алҳоҷӣ Баваҳ Гилберт эътимоднома супурданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.