WFF: Дар Тоҷикистон ҳудуди 30 ҳазор нафар дар ғуломӣ қарор доранд

Фонди ҳомии ҳуқуқи Walk Free Foundation (WFF)-и Австралия рейтинги кишварҳо аз рӯи шумори нафаронеро, ки дар шароити ғуломӣ зиндагонӣ мекунанд, таҳия намуд. Дар таҳқиқоти Global Slavery Index 2014 (Индекси ҷаҳонии ғуломӣ-2014) миёни 176 кишвари мавриди таҳқиқ қароргирифта Тоҷикистон зинаи 95-умро ишғол мекунад. Зикр мегардад, ки дар Тоҷикистон бо аҳолии беш аз 8,2 млн. нафар 29,5 […]

Пайрав Чоршанбиев



Фонди ҳомии ҳуқуқи Walk Free Foundation (WFF)-и Австралия рейтинги кишварҳо аз рӯи шумори нафаронеро, ки дар шароити ғуломӣ зиндагонӣ мекунанд, таҳия намуд.

Дар таҳқиқоти

Global Slavery Index 2014

(Индекси ҷаҳонии ғуломӣ-2014) миёни 176 кишвари мавриди таҳқиқ қароргирифта Тоҷикистон зинаи 95-умро ишғол мекунад.

Зикр мегардад, ки дар Тоҷикистон бо аҳолии беш аз 8,2 млн. нафар 29,5 ҳазор нафар (0,359%) дар ғуломӣ қарор доранд.

Тибқи маълумоти Global Slavery Index, ба сурати умум дар саросари ҷаҳон ҳудуди 35,8 млн. нафар дар ғуломӣ ба сар мебаранд.

Мақоми аввал дар рейтинг аз рӯйи ҳиссаи ғуломон аз шумори умумии аҳолиро Мавритания ишғол мекунад, ки дар он тибқи маълумоти Walk Free, ҳудуди 4%-и аҳолӣ (160 ҳазор нафар) дар ҳолати ғуломӣ зиндагӣ доранд. Зинаи дуюмро Ӯзбекистон –3,97% ва 1,2 млн. нафар аз шумори умумии аҳолӣ, ҷойи сеюмро Гаити – мутаносибан  2,3% ва 140 ҳазор нафар касб кардаанд.

Қазоқистон дар мақоми 93-юм (63 ҳазор нафар ғуломон), Қирғизистон дар зинаи 97-ум (21 ҳазор нафар ғуломон) ва Туркманистон дар ҷойи 98-ум (19 ҳазор нафар ғуломон) қарор доранд.

Гуфта мешавад, вазъи аз ҳама беҳтарин вобаста ба ғуломон дар Аврупо ва Зеландияи Нав ба қайд гирифта шудааст. Тибқи гузориш, дар ин кишварҳо фоизи ғуломон дар ҳудуди 0,13% аз шумори умумии аҳолӣ қарор дорад.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯйи сатҳи муқовимати давлат ба ғуломӣ рейтинги беҳтарин насиби Нидерланд шуда, дар сафҳои аввали рӯйхат ҳамчунин кишварҳои дигари Аврупо ва ИМА шомил шудаанд.

Дар гузориш саҳеҳ гуфта мешавад, ки дар муайян кардани ғуломӣ натанҳо тариқи зӯроварӣ маҷбур кардан ба хизматгузорӣ, балки ҳамчунин маҷбур кардан ба никоҳ ва рабудани кӯдакон бо мақсади истифодаи онҳо дар амалиёти ҷангӣ низ ба инобат гирифта мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.