Вазири корҳои хориҷӣ президенти БАТР-ро ба ҳузур пазируфт

Санаи 18-уми ноябри соли равон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) Сума Чакрабартиро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистону БАТР-ро муҳокима карданд. Гуфта мешавад, аз ҷумла, таъкид гардидааст, ки дар солҳои фаъолияти БАТР дар […]

ASIA-Plus



Санаи 18-уми ноябри соли равон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) Сума Чакрабартиро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистону БАТР-ро муҳокима карданд.

Гуфта мешавад, аз ҷумла, таъкид гардидааст, ки дар солҳои фаъолияти БАТР дар Тоҷикистон байни Ҳукумат ва ин Бонк созишномаҳои мухталиф ба имзо расидаанд, ки ҳадафи онҳо татбиқи лоиҳаҳои муҳимми соҳаи иҷтимоию иқтисодӣ мебошад.

Зимнан зикр мегардад, ки ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи татбиқи лоиҳаҳои муштарак иброз намуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.