Шабдолов: Муфлисшавии «Барқи тоҷик» ногузир аст

Date:



Зимни суханронӣ дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумон раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов изҳор намуд, ки муфлисшавии «Барқи тоҷик» ногузир аст ва имрӯз ширкатро на шоҳу на худо наҷот дода наметавонад.

Ба гуфтаи ӯ, имрӯз дар суратҳисоби ширкати «Барқи тоҷик» қариб ҳеҷ маблағе вуҷуд надорад. «Ширкат назди буҷети давлатӣ, нерӯгоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2» садҳо миллион сомонӣ қарздор буда, миллионҳо сомонӣ қарз гирифтааст, ки бояд баргардонад ва музди меҳнати кормандони худро пардохт карда наметавонад, ки дар натиҷа имконоти кадрии ширкат хеле заъиф гардида, худи соҳа дар ҳоли фаношавӣ қарор дорад», – гуфт ӯ.

Шабдолов бар ин гумон аст, ки дар вазъи мавҷуда сармоягузорон ба маблағгузорӣ ба рушди «Барқи тоҷик», ки монополист шуда, вале аз уҳдаи иҷрои вазифаҳои ба зимма гузоштааш намебарояд, шитоб намекунанд.

«Агар касе ҳам ба «Барқи тоҷик» маблағгузорие кунад, ин ба он хотир сурат мегирад, ки оянда бинобар сабаби муфлисшавии ширкат онро пурра бо нархи ночиз харидорӣ намояд ва ин таҳдиди мустақим ба амнияти энергетикии Тоҷикистон аст», – таъкид дошт раиси Ҳизби коммунист.

Ба андешаи вакили парлумон, имрӯз аз монополия берун овардани ширкати «Барқи тоҷик» ва таъсис мақомоти наве зарур аст, ки тарифҳоро муқаррар намояд. «Ин барои ба тартиб овардани муносибатҳо бо нерӯгоҳҳо кумак мекунад, вагарна кори онҳо замоне воқеъан ҳам бозмеистад. Ин имкони охирини ночизе барои ҳукумати Тоҷикистон аст», – мутмаин аст Шабдолов. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...