Рӯзи 16-уми ноябри соли равон дар ҳудуди ноҳияи Ашт сокини маҳаллӣ Холдоралӣ Юлдошеви 51-сола аз ҷониби ронандаи автомашинаи номаълум пахш гардида, аз ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонии бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида буд.
Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД ҶТ, ба гумони даст доштан дар содир намудани ин ҷиноят чанде қабл сокинони маҳаллӣ Мухбиралӣ Сафарови 25-сола, Маъруф Азимҷонови 26-сола ва Умедҷон Розиқови 29-сола боздошт шудаанд.
Гуфта мешавад, муайян карда шудааст, ки дастгиршудагон дар роҳи нақлиётгарди ҳудуди деҳаи Оби-Ашти ноҳияи мазкур ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Караван» Холдоралӣ Юлдошеви омӯзгорро аз автомашинааш фароварда, лату кӯб намудаанд. «Сипас бо автомашинаи худаш ӯро пахш карда, ба чуқурии назди роҳ партофта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Дар натиҷа Х. Юлдошев дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст», – омадааст дар хабари маркази матбуоти ВКД.
Зимнан зикр мегардад, ки нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.


