Боздошти қотилони эҳтимолии омӯзгори маҳаллӣ дар Ашт

Рӯзи 16-уми ноябри соли равон дар ҳудуди ноҳияи Ашт сокини маҳаллӣ Холдоралӣ Юлдошеви 51-сола аз ҷониби ронандаи автомашинаи номаълум пахш гардида, аз ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонии бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида буд. Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД ҶТ, ба гумони даст доштан дар содир намудани ин ҷиноят чанде қабл сокинони маҳаллӣ Мухбиралӣ Сафарови […]

ASIA-Plus



Рӯзи 16-уми ноябри соли равон дар ҳудуди ноҳияи Ашт сокини маҳаллӣ Холдоралӣ Юлдошеви 51-сола аз ҷониби ронандаи автомашинаи номаълум пахш гардида, аз ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонии бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида буд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД ҶТ, ба гумони даст доштан дар содир намудани ин ҷиноят чанде қабл сокинони маҳаллӣ Мухбиралӣ Сафарови 25-сола, Маъруф Азимҷонови 26-сола ва Умедҷон Розиқови 29-сола боздошт шудаанд.

Гуфта мешавад, муайян карда шудааст, ки дастгиршудагон дар роҳи нақлиётгарди ҳудуди деҳаи Оби-Ашти ноҳияи мазкур ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Караван» Холдоралӣ Юлдошеви омӯзгорро аз автомашинааш фароварда, лату кӯб намудаанд. «Сипас бо автомашинаи худаш ӯро пахш карда, ба чуқурии назди роҳ партофта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Дар натиҷа Х. Юлдошев дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст», – омадааст дар хабари маркази матбуоти ВКД.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.