Боздиди сафирони хориҷӣ аз Агентии назорати маводи нашъаовар

Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раисии сафири Италия дар Узбекистон ва Тоҷикистон Риккардо Манара ҷаласаи навбатии Гурӯҳи Мини-Дублин баргузор гардид. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар ҷаласа сафирон ва намояндагони сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Олмон, Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, Штатҳои Муттаҳидаи Америка, Ҷумҳурии Узбекистон, инчунин намояндагони […]

ASIA-Plus



Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раисии сафири Италия дар Узбекистон ва Тоҷикистон Риккардо Манара ҷаласаи навбатии Гурӯҳи Мини-Дублин баргузор гардид.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар ҷаласа сафирон ва намояндагони сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Олмон, Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, Штатҳои Муттаҳидаи Америка, Ҷумҳурии Узбекистон, инчунин намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла САҲА, барномаҳои Барномаи рушди СММ ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон иштирок намуданд.

Ба иштирокчиёни ҷаласа дар бораи вазъи нашъамандӣ дар Тоҷикистон, инчунин дар минтақаи Осиёи Марказӣ, чораҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти назорат аз болои маводи нашъаовар, ташкили ҳамкориҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ, аз ҷумла бо ҳамкорони дигар кишварҳо дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар муаррифинома пешниҳод карда шуд.

Вазъи нашъамандӣ дар Афғонистон, таъсири он ба минтақа ва роҳҳои эҳтимолии рушди он мавриди таҳлил қарор дода шуд.

Дар вохӯрӣ маъалаҳои вазъи мухаддиротӣ ва чораҳое, ки дар доираи сиёсати зиддимуддиротӣ дар Тоҷикистон ва Узбекистон, ҳамкориҳо миёни аъзоёни гурӯҳи Мини-Дублин, Ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Узбекистон андешида мешаванд, муҳокима гардиданд.

Иштирокчиёни ҷаласа қайд намуданд, ки «танҳо бо кӯшиши дастаҷамъонаи ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар маҷмӯ метавон дар самти мубориза бо қочоқи маводи нашъаовар ва ҷиноятҳои бо онҳо алоқаманд, ба натиҷаҳои назаррас ноил гашт».

Дар хотимаи вохӯрӣ иштирокчиёни ҷаласа оид ба ёрии ҳаматарафа ба мақомоти дахлдори кишварҳо дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва рушди ҳамкориҳои пурсамари байналмилалӣ дар ин самт пешниҳодҳо қабул карданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.