ҲНИТ то ҳанӯз посух ба дархосташ оид ба толор барои анҷуманро интизор аст

Мақомоти шаҳрдории пойтахт ва дастгоҳи президент то имрӯз ба муроҷиати хаттии раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ дар бораи мусоидат ба баргузории анҷумани пешазинтихоботии ҳизб дар яке аз толорҳои бузурги пойтахт посух нагуфтаанд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» муовини раиси ҲНИТ, роҳбари ситоди пешазинтихоботии ҳизб Маҳмадалии Ҳайит хабар дод. Ӯ хотирррасон намуд, ки бо […]

Аваз Юлдошев



Мақомоти шаҳрдории пойтахт ва дастгоҳи президент то имрӯз ба муроҷиати хаттии раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ дар бораи мусоидат ба баргузории анҷумани пешазинтихоботии ҳизб дар яке аз толорҳои бузурги пойтахт посух нагуфтаанд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» муовини раиси ҲНИТ, роҳбари ситоди пешазинтихоботии ҳизб Маҳмадалии Ҳайит хабар дод.

Ӯ хотирррасон намуд, ки бо дархости хаттии мазкур раиси ҲНИТ рӯзи 30-юми сентябр ба раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев ва 10-уми ноябр ба роҳбари дастгоҳи иҷроияи президент Бахтиёр Худоёрзода муроҷиат кардааст.

«Мутобиқи моддаи 15-и қонуни Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», мо барои ҷудо кардани толори муносиб барои баргузор намудани анҷумани пешазинтихоботӣ, ки дар кори он беш аз 500 нафар вакилони аллакай интихобшуда ва ҳудуди 200 нафар меҳмонон ва намояндагони ВАО иштирок мекунанд, мусоидат дархост намудем», – гуфт номбурда.

Зимнан зикр гардид, ки дар анҷуман рӯйхати ҳизбии ҲНИТ иборат аз 20 нафар номзадҳо ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон эълон хоҳад шуд.

Қобили зикр аст, ки баргузории анҷумани пешазинтихоботии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон санаи 16-уми декбари соли равон дар назар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.