Нахуствазири ҷумҳурӣ ба Ашқобод раҳсипор шуд

Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи нахуствазирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил имрӯз ба пойтахти Туркманистон – шаҳри Ашқобод раҳиспор шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод. Бино ба гуфтаи манбаъ, дар пойтахти Туркманистон ҳамчунин як қатор дидору гуфтушунидҳои дуҷонибаи Қоҳир Расулзода низ дар назар аст. […]

Аваз Юлдошев



Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи нахуствазирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил имрӯз ба пойтахти Туркманистон – шаҳри Ашқобод раҳиспор шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод.

Бино ба гуфтаи манбаъ, дар пойтахти Туркманистон ҳамчунин як қатор дидору гуфтушунидҳои дуҷонибаи Қоҳир Расулзода низ дар назар аст.

Тибқи маълумоти хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар ҷаласи рӯзи 21-уми ноябр нахуствазирони кишварҳои узви Иттиҳод ҳудуди бист лоиҳаи аснод оид ба ҳамкориҳо дар самтҳои гуногунро баррасӣ мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, аз ҷумла ҷараёни амалисозии муқаррароти Шартнома дар бораи савдои озод аз 18-уми октябри соли 2011 мавриди таҳлил қарор мегирад. То имрӯз онро Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия ва Украина тасдиқ намуда, шартнома барои онҳо мавриди амал қарор гирифтааст. Тоҷикистон то ҳанӯз расмиёти тасдиқи ин шартномаро ба анҷом нарасонидааст. Ғайр аз ин, 31-уми майи соли гузашта Ӯзбекистон низ ба ин Шартнома ҳамроҳ шуд.

Гуфта мешавад, дар ҷаласа ҳамчунин атрофи лоиҳаҳои Созишномаҳо дар бораи савдои озоди хизматгузориҳо, Протокол оид ба қоида ва расмиёти танзими харидҳои давлатӣ, фаъолияти Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи боигариҳои зеризаминӣ давоми солҳои 2011-2013, масоили рақобатпазирӣ ва нархгузорӣ дар бозори нафт ва маҳсулоти нафтӣ, ҳамкориҳо дар бахши энергетикаи атомӣ, рушди минбаъдаи ҳамкориҳои гуманитарӣ, густариши ҳамкориҳо дар бахши сайёҳӣ дар паҳнои ИДМ, ба чане аз макотиби олии кишварҳо додани мақоми муассисаҳои заминавӣ барои такмили ихтисос дар соҳаи металллургиву кӯҳкорӣ, истифодаи энергияи атомӣ, технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва ғайра табодули назар сурат мегирад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.