Захираи тиллову асъори Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба санаи 14-уми ноябри соли равон 1,2 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Аз Бонки миллии ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки захираи тиллову асъори Бонки миллӣ дар ҳоли афзоиш қарор дошта, ҷараёни устувори болоравиро касб кардаанд.
Ба иттилои манбаъ, суръати солонаи афзоиши онҳо бо назардошти тағйироти ахир ба ҳисоби миёна ба 10-12% баробар аст. Ба санаи 14-уми ноябри соли ҷорӣ захираҳои умумии тиллову асъори БМТ 1,2 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дода, ҳар моҳ ба ҳисоби миёна ба миқдори 27-35 млн. доллари ИМА зиёд мешаванд.
Ёдрас мекунем, ки захираи тиллову асъори Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои соли 2013 беш аз 1 млр. 71,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода буд.
Қобили зикр аст, ки захираҳои тиллову асъори Тоҷикистон таҳти назорати мақомоти давлатии танзимгари сиёсати пуливу қарзӣ қарор дошта, дар ҳама гуна вақт метавонад барои маблағгузорӣ ба касри тавозуни пардохтӣ, маблағгузорӣ ба бозорҳои асъор, ки ба қурби асъори миллӣ таъсиргузоранд, истифода гардад.


