Мулоқоти Ш.Зуҳуров бо роҳбари ҳайати Парлумони Аврупо

Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров Раиси ҳайати Парлумони Аврупо оид ба муносибат бо кишварҳои Осиёи Маркази Ивета Григулеро, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт. Тавре котиби матбуотии палати поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов хабар дод, зимни мулоқот масоили густариши ҳамкориҳои парлумони Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар […]

Аваз Юлдошев



Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров Раиси ҳайати Парлумони Аврупо оид ба муносибат бо кишварҳои Осиёи Маркази Ивета Григулеро, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.

Тавре котиби матбуотии палати поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов хабар дод, зимни мулоқот масоили густариши ҳамкориҳои парлумони Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар бахшҳои қонунофарӣ, демократикунонии ҷомеаи Тоҷикистон, таҳкими робитаҳои иқтисодӣ ва гуманитарӣ баррасӣ шуданд.

«Татбиқи бомуваффақияти барномаи «Дастури аврупоӣ дар самти демократия ва ҳуқуқи инсон» -ро бояд махсус қайд кард. Ин на танҳо лоиҳаҳои бешумор, ки аз ҷониби ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо татбиқ мегарданд, балки тағйиротҳои куллӣ дар соҳаи қонунгузорӣ низ мебошанд, – иброз дошт Ш.Зуҳуров. – Дар ин қатор эълон доштани моратория барои ҳукми қатл, механизми ҳуқуқии пешгирии шиканҷа, таъмини баробарии гендерӣ, вохӯриҳои мунтазам дар ҳошияи ҳуқуқи инсонро метавон махсус қайд намуд».

Ба гуфтаи ӯ, ҷонибҳо аз фаъолияти Комиссияи Аврупо оид ба ҳамкорӣ бо Осиёи Марказӣ, ки ҳанӯз моҳи январи соли 2010 таъсис ёфта буд, изҳори қаноатмандӣ карданд. «И.Григел қайд кард, ки дар Парлумони Аврупо муаррифиномаи ҳайати вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон оид ба ҳамкориро, ки моҳи ноябри соли 2012 пешкаш гардида буд, хуб дар хотир доранд», – таъкид дошт манбаъ.

Дар идома зикр гардид, ки дар вохӯрӣ ҳамчунин ба масоили марбут ба таҳкими марзи давлатии Тоҷикистон бо Афғонистон ва рушди бештари ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои илму фарҳанг таваҷҷуҳ зоҳир шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.