Захираи тиллову асъори Тоҷикистон – 1,2 млрд. $

Захираи тиллову асъори Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба санаи 14-уми ноябри соли равон 1,2 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Аз Бонки миллии ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки захираи тиллову асъори Бонки миллӣ дар ҳоли афзоиш қарор дошта, ҷараёни устувори болоравиро касб кардаанд. Ба иттилои манбаъ, суръати солонаи афзоиши онҳо бо назардошти […]

Мавзуна Абдуллоева



Захираи тиллову асъори Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба санаи 14-уми ноябри соли равон 1,2 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Аз Бонки миллии ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки захираи тиллову асъори Бонки миллӣ дар ҳоли афзоиш қарор дошта, ҷараёни устувори болоравиро касб кардаанд.

Ба иттилои манбаъ, суръати солонаи афзоиши онҳо бо назардошти тағйироти ахир ба ҳисоби миёна ба 10-12% баробар аст. Ба санаи 14-уми ноябри соли ҷорӣ захираҳои умумии тиллову асъори БМТ 1,2 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дода, ҳар моҳ ба ҳисоби миёна ба миқдори 27-35 млн. доллари ИМА зиёд мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки  захираи тиллову асъори Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои соли 2013 беш аз 1 млр. 71,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода буд.

Қобили зикр аст, ки захираҳои тиллову асъори Тоҷикистон таҳти назорати мақомоти давлатии танзимгари сиёсати пуливу қарзӣ қарор дошта, дар ҳама гуна вақт метавонад барои маблағгузорӣ ба касри тавозуни пардохтӣ, маблағгузорӣ ба бозорҳои асъор, ки ба қурби асъори миллӣ таъсиргузоранд, истифода гардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.