Моҳи октябр Тоҷикистон ҳамагӣ 5,4 ҳазор тонна алюминий содирот кард

Соли равон Тоҷикистон ҳаҷми содироти алюминийро, ки аз маҳсулоти асосии содиротии кишвар маҳсуб меёбад, ба андозаи беш аз 40% коҳиш дод. Бино ба маълумоти ба «Азия-Плюс» расида аз вазорату идораҳои иқтисодии ҷумҳурӣ, давоми моҳҳои январ-октябри соли 2014 содироти алюминий ба хориҷи кишвар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта аз рӯйи ҳаҷм 41,1% ва аз […]

Пайрав Чоршанбиев



Соли равон Тоҷикистон ҳаҷми содироти алюминийро, ки аз маҳсулоти асосии содиротии кишвар маҳсуб меёбад, ба андозаи беш аз 40% коҳиш дод.

Бино ба маълумоти ба «Азия-Плюс» расида аз вазорату идораҳои иқтисодии ҷумҳурӣ, давоми моҳҳои январ-октябри соли 2014 содироти алюминий ба хориҷи кишвар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта аз рӯйи ҳаҷм 41,1% ва аз рӯи арзиш 42,1% камтар шудааст.

Дар зарфи 10 моҳи соли равон аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи умумии 182 млн. доллари ИМА 99 ҳазор тонна алюминий содирот шудааст. Дар ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми содироти алюминий ба хориҷи кишвар 168,2 ҳазор тонна ба маблағи умумии 314,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода буд.

Дар ҳамин ҳол, моҳи октябри соли равон ҳаҷми содироти алюминий аз Тоҷикистон ҳамагӣ ба 5,4 ҳазор тонна ба маблағи умумии 8,9 млн. доллари ИМА баробар шудаст.

Алюминии Тоҷикистон имсол асосан ба Туркия ва дар ҳаҷми начандон зиёд ба Эрон, Русия ва Чин содирот карда мешавад.

Бино ба маълумоти пешакии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, соли равон истеҳсоли алюминии аввалия дар Тоҷикистон коҳиш ёфта, камтар аз 150 ҳазор тоннаро ташкил хоҳад дод.

Соли 2013 низ ҳаҷми истеҳсоли алюминии аввалия дар Ширкати алюминии Тоҷикистон (ТАЛКО) дар муқоиса бо соли 2012 аз рӯи ҳаҷм 25% ва аз рӯи арзиш 30% коҳиш ёфта, 200 ҳазор тонна ба маблағи умумии 370 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки 197 ҳазор тоннааш ба хориҷи кишвар содирот шуд. Соли 2012 Тоҷикистон ба маблағи умумии 536 млн. доллари ИМА ба хориҷи кишвар 265 ҳазор тонна алюминий содирот карда буд.

Ёдрас мекунем, ки ахири соли гузашта раҳбарияти Ширкати алюминии тоҷик аз ҳукумати кишвар дархост намуда буд, ки бинобар сабаби «таъсири манфии буҳрони молии ҷаҳонӣ», ба ширкат кумаки молиявӣ расонад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.